Хуросон аст ин ҷо

Дар Русия байни равшанфикрон ва халқ ҳамеша дурию беробитагие мавҷуд буд ва нависандагону рассомон гоҳ-гоҳ мекўшиданд, ки «байни мардум» бираванд ва «халқро омўзанд». Дар замони шўравӣ ҳам нависандагон лозим медонистанд, ки «барои ҳаётомўзӣ» ба корхонаҳо, ба деҳот бароянд. Ҷудоии миёни зиёъиён ва халқ дар замони шўравӣ аз ҷомеаи Русия ба ҷомеаи тоҷикон ҳам сироят кард. Дар Тоҷикистон ҳам нависандагон, бастакорон, рассомон ва дигар зиёъиён масалан ба маъракаи пахтачинӣ сафарбар мешуданд, то ки дар айни долу зарби кор «бо халқ бошанд», аз зиндагии вай огоҳӣ пайдо кунанд. Ва ҳол он ки сад сол пештар аз ин дар ҷомеаи тоҷикон фарқи азиме миёни зиёъиён ва мардуми одӣ вуҷуд надошт, зарурати «миёни мардум рафтан» ва «халқро омўхтан» пеш намеомад. Он гоҳ бештари равшанфикрон гўё як ҷузъи халқ буданд, на танҳо аз байни халқ мебаромаданд, балки ҳама умр бо халқ мезистанд. Чунончи аксари нависандагон аз аҳли ҳунар буда, зиндагиашон бо устохонаю дукони косибон сахт алоқамандӣ дошт. Дар ин сурат ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки зиёъиён дар ҷомеа чун пешвои маънавии мардум нақше мегузоштанд, чунончи ахлоқу одобро шакл медоданд.
Мо итминон дорем, ки дар замони мо ҷомеаи маънавибунёд, ҷомеае, ки поя бар маънавияти баланд дошта, шаклан ва мазмунан як падидаи тозаи имрўзист, метавон бунёд гузошт. Давлати миллӣ кўшо хоҳад буд, ки девори миёни «зубдаи хушмаърифат» ва «авоми торикфикр» бардошта шавад, ин ду ба ҳам наздик оянд, сатҳи фарҳангии ҷомеа ба дараҷае расад, ки рисолати аҳли зиё дар сафарбарии омма барои иҷрои вазифаҳои бузурги иҷтимоъӣ иҷро гардад, пешвоёни дину оин битавонанд дар ташаккули ахлоқи шахс нақши зарурӣ гузоранд.
Ҳар халқе дар муҳимтарин давраҳои таьрих дар даврони сарнавиштсоз моҳияти фарҳанги худро амиқан ба андеша гирифта, аз нав дарк мекунад, аз нав кашф менамояд ва бо ин худҷўиву худрасӣ ягонагии таърихии фарҳанги худро барқарор меорад, ҳама ҷузъҳои сохтори фарҳанги миллиро дубора эҷод менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё