Хуросон аст ин ҷо

Халқ дар натиҷаи ин худшиносии маънавӣ ба пояи тозаи худогоҳии миллӣ хоҳад расид ва барои гузоштани қадамҳои нав дар роҳи инкишофи таърихӣ замина тайёр хоҳад кард.
Барои ин ки ягонагии сохтори фарҳанги миллӣ барқарор шавад, бозофаринии заминаи табиъии маънавӣ, заминаи маънавии хоси ин халқ зарур аст, то ки ои муҳити табиъии зист, ки хоси ўст, омода гардад. Бозофаринии чунин заминаи маънавӣ ва муҳити хоси зист аз муҳимтарин шартҳои эҳёи миллист ва ҳоло тоҷиконро зиёда зарур аст.
Мо тоҷикон агар аз дунё умед дорем, зарур аст, ки дар ҳама гўшаҳои сарзамини худ ба иттиҳоду ягонагӣ ноил омада ва аз як гиребон сар бароварда, як муҳити маънавии хоси худи мо, ки ба ҳастии таърихии мо созгор бошад, эҷод кунем, яъне чунонки гуфта омад, ба сўи сарчашмаҳои фарҳанги маънавии худ роҳ ҷўем, аз ин сарчашмаҳо шодоб гардида ва аз фарҳанги кунунии башарият баҳраҳо бардошта, як фарҳанги ғании имрўзӣ ба вуҷуд оварем. Он гоҳ дар хонадони халқҳои ҷаҳон чун яке аз ҳамсангону ҳамсозон пазируфта хоҳем шуд, вагарна дар ин хонадон аз писарандаре бештар қурбу манзалат нахоҳем ёфт.
Мардуми тоҷик аз қадим неруи бузурги маънавӣ дар худ гирд овардаанд. Ин неруро ҷунбиш додан ва фаъол кардан даркор аст.
Он гоҳ тоҷикон ҷомеаи маънавиасос ва давлати миллии маънавибунёд барпо карда, боз дар таърихи халқҳои минтақаи мо нақши чашмрасе хоҳанд гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё