Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дониш буд) васӣ таъин мекунанд. Авҳадиро соли 1937 ба маҳбас мегиранд. Муҳаммадҷон бо аммааш, ки бонуи хеле босаводу китобхон буд, ба Душанбе меояд ва таҳсилоти ибтидоиро давом медиҳад. Солҳои 1941-45 донишгоҳи омўзгории Душанберо хатм мекунад, баъд ба аспирантура дохил мешавад ва бо илқои адабиётшиноси маъруф Холиқ Мирзозодаи Самарқандӣ (ки ба ин ҳақир ҳам ҳаққи устодӣ дорад, равонаш шод бод!) сари мавзўи осор ва афкори Аҷзии Самарқандӣ рисолаи номзадӣ менависад, аммо ба ҷурми он, ки Аҷзӣ нависандаи буржуозӣ будааст, рисолааш то остони дифоъ намерасад. Сипас устод Шакурӣ даст бо домани осори устод Айнӣ мезанад ва рисолаи дувуми номзадиашро дар мавзўи «Ёддоштҳо»-и Айнӣ дифоъ мекунад.
Бад-ин минвол аз хилоли сиёсатҳову риёзатҳо, азиятҳову маҳрумиятҳо, бекасиву беҳамнафасиҳо басо силии рўзгор хўрда, боз ҳам сабри Айюб дошта, дил ба китоб баста, чавҳари ҳастии худро аз китоб ёфта, рўзу шаб ҷойнамозаш сафҳаи кушодаи китоб ва меҳробаш фарҳанги ҷаҳонгири Эронзамин будааст.
Боре академик Шакурӣ бо он ҳама ҷонкоҳию худхўрӣ бо дареғу афсўс мебинад, ки мо имрўз дар як харобазор, балки дар як пучистони фарҳангӣ, маънавӣ, забонӣ ва рўҳонӣ қарор дорем. Ба қавли Хоқонии Шервонӣ, ки аҳди худро «қаҳтсоли сухан»1 хондааст, муҳити имрўзи мо низ қақтсоли сухан, хушксоли ҳунар, тангсоли маънавият ва тангрўзи рўҳониятро аз сар мегузаронад. Китоби тозаи устод Шакурӣ пай дар пай огоҳ мекунад, ки партгоҳ наздик аст…

1 Манам, ки Юсуфи аҳдам ба қаҳтсоли сухан, Ки мизбони гуруснадилон забони ман аст. (Аз «Луғатномаи Деҳхудо», чопи ҷадид. Муассисаи интишорот ва чопи донишгоҳи Теҳрон).

пешина
аз 351
навбатӣ