Хуросон аст ин ҷо

Ба пеши по намебинӣ, чӣ афсун аст таҳқиқат?
1 Забони худ намедонӣ, чӣ найранг аст ирфонат?
Ин китоб, ки танҳо китоби ин лаҳза ё имрўз нест, балки китоби имрўзу фардою фардоҳои дигар аст, ихтор медиҳад, ки забони форсии дариро, ки бунёдитарин, боризтарин ва нофизтарин омили пойдорӣ, номдорӣ ва давомдории миллат, аст гиромӣ дорем; ҳушдор медиҳад, ки инсон мавҷуди маънавист, ҳастии инсон ҳастии маънавист, аз ин рў бидуни гиромидошти забон бузургдошти фарҳанг ва маънавият ва рўҳоният, бидуни андарёфти фарохназаронаи омўзандаи таърих (на мадорики хушки он), бидуни донистани фалсафаи ҳамин лаҳза, ҳамин рўз, ҳамин айём, ҳамин равандҳо ва ҷараёнҳо, ки дар онҳо ба сар мебарем, бидуни таҳлили мантиқи ҳаводис ва гардишҳову шебу фарозҳои маҷрои зиндаи таърих мо инсони комил нестем, ё дақиқтар бигўям, миллати комилъиёр нестем.
Мехоҳам ба гуфтаҳои устод Шакурӣ ин нуктаро биафзоям, ки мо дар радифи маънавият ва рўҳоният ашрофият ва оини ҷавонмардиро ҳам бохтаем. Чун хостгоҳи ашрофият низ муҳити шаҳрҳои бузург аст (на деҳу чодарҳо!) ва аз рўдбори беғубори маънавият ва рўҳоният об мехурад, бо кушта шудани сулолаи наҷибзодагону ашрофнажодону асилтухмагон, рўҳониёни ориф, донишмандони мутадайин, асҳоби адлу инсофу мурувват, ба зиндонҳо афкандани фарҳангмандон, ҷалои ватан кардани дудмонҳои дилогоҳу миҳанпараст, бо фирори будамандон ва сарватмандони сарпарасти илму адабу фарҳанг аз шаҳрҳои фарҳангофарини мо ашрофият ҳам кўч баст ё мурд ва пойлучони «инқилобӣ» ҷойнишини ашрофзодагон шуданд.
1 Байти Абдулмаонӣ Абулқодири Бедил.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё