Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тахминан аз соли 1986-1987 сар карда дар ҳар кадоме аз ин чумҳуриҳо асарҳои равшангарони маорифпарвар ва мақолақое ба чоп расид. Аз ҷумла соли 1989 дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» мизи мудавваре ташкил шуда, зарурати пажўҳиши мероси равшангарон таъкид гардид. Чун фаронсавиён соли 1994 дар Тошканд муассисае ба номи Институти таҳқиқи Осиси Марказӣ таъсис доданд, нахустин коре ки карданд, ин буд, ки моҳи феврали соли 1995 мизи мудавваре ба мавзўъи «Ҷадидизм дар Мовароуннаҳр (садаи 19 ва оғози садаи 20):
таърихнигории он ва ақидаи имрўз» ташкил намуда аз Фаронса, Ўзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия 18 нафарро дар Тошканд дар сари мизи мубоҳиса нишониданд.
Инҳо ҳама барои равшан шудани масъала, барои ин ки дар бораи ҷадидия тасаввуроте наздик ба ҳақиқат пайдо шавад, моро қадам ба қадам пеш мебарад. Ба ҳар ҳол кам-кам бовар ҳосил мегардад, ки ҷунбиши равшангарон аз ҷумла барои мардуми тоҷик яке аз бузургтарин рўйдодҳои таърихӣ буд.
Осори маорифпарварон, аз ҷумла ҷадидон пеш аз ҳама ба сифати як қисми мероси маънавии гузаштагон аҳамияти вежа дорад.

Барои ин, ки аҳамияти адабиёти равшангарӣ, ба вежа
аҳамияти он барои имрўзи тоҷикон, яъне барои тоҷикони ҳудуди
садаи бист ва бисту як беҳтар маълум шавад, ба вазъи таърихии

пешина
аз 351
навбатӣ