Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

давраи шаклгирии он, ҳатто ба давраи андаке пештар, ба садаҳои 17 ва 18 (12 ва 13 ҳиҷрии қамарӣ) нигоҳе андохтан лозим меояд.
Дар садаи 16 қабилаҳои ўзбак Мовароуннаҳрро чун мўру малах зер карданд ва ҷангҳои шадиде, ки садаҳои 16-17 пайваста идома дошт, дар садаи 18 ба ниҳояти дараҷа шиддат гирифт.
Мовароуннаҳр ба майдони тохтутози қабилаҳои мухталифи кўчӣ табдил ёфт. Хуни мардуми бумӣ, ки тоҷикон буданд, бисёр рехт.
Кўчиёни ваҳшӣ дар шаҳру деҳ халқро ҳазор-ҳазор аз дами шамшер гузарониданд, толону тороҷ мекарданд, таҳқир менамуданд.
Подшоҳи Русия Пётри I дар қарни 18, солҳои 1722-1725 Флорио Беневени ном мардит италиёиро ба унвони сафир ба Бухоро фиристод. Флорио Беневени дар муддати се сол ба Пётр чандин нома навишта гузориш дод, аҳволи Бухоро ва мардуми онро батафсил баён кард. Ин номаҳои ўро аз бойгонӣ гирифта, бо шарҳу эзоҳи муфассал соли 1988 чоп карданд. Аз тасвирҳои Ф. Беневели маълум мешавад, ки кишвари бузурги Бухороро бесомонӣ, бетартибӣ ва худсарии беҳадду кагори кўчиёне, ки онҳоро «озбеки» номидааст, фаро гирифта буд (ҳарфи о дар калимаи «озбек» шояд муодили ў-и тоҷикӣ бошад, ки «узбак» дар талаффузи тоҷикони водиҳо ба «ўзбак» ва «ўзбек» табдил ёфта буд).
Ба гуфтаи Ф. Беневени «ўзбекҳо» 32 қабила доштанд ва ҳамаи онҳо ҳамеша байни худ меҷангиданд ва бо ғоратгарӣ машғул буданд. Ҳама шаҳру деҳ ғорат мешуд, ҳама роҳҳо ба дасти роҳзанони кўчӣ буд: «везде грабежи, везде разбой», роҳҳои тиҷоратии сўйи Эрон ва Ҳинд баста ва низ ба дасти роҳзанон буд.
Ф. Беневени мегўяд: «Самарқанд низ шаҳри бузург аст, вале ҳоло

пешина
аз 351
навбатӣ