Хуросон аст ин ҷо

Баъдтар Самарқанд боз ҷон гирифт, вале Марву Балх ба тамом аз байн рафт ва имрўз танҳо вайронаҳои ин ду маркази бостонии фарҳанги эронинажодро мебинему бас.
Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Бухоро низ қариб нест шуда буд ва ба азобе ҷон ба рамақ дошт. Аҳмади Дониш дар бораи охири садаи 18 мегўяд, ки дар Бухоро «ҳуҷароти мадорис коҳхонаи хари обкаш ва ғалладони баққол шуда ба сабаби он ки мардуми узбак дар умури давлатӣ тадохул ёфта, ҷиҳати безабтии салтанат шуда».2 Ин ҷо замони ҳукмронии сулолаи Манғитиён дар назар аст.
Манғитиён бештар аз дигар хонадонҳо бенизомӣ, зўроварӣ, ваҳшоният карданд. Устод Айнӣ гуфтааст: «Хунрезӣ лозими зоти ин сулола аст». 3 Мовароуннаҳр дар садаи 17-19 яке аз ақибмондатарин гўшаҳои Шарқи Миёна буд. На танҳо аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ҳатто аз баъзе ақибмондагони гирду атроф ақиб монда буд.
Кишвар гўё аз пешрафти таърихӣ бозмонд. Ҳатто ақиб мерафт, на пеш. Дар садаи 17 Сайидоро навмедии таърихӣ рўй дод ва гуфт:
Гардиши даврон нагардад бар муродам, Сайидо
Кўҳнатақвимам, ба дасти мардуми поринаам.
Ин аст, ки гўё замона аз ҳаракат монд ва агар ҷунбише ҳам дошта бошад, ҷунбиши ба пас буд ва аз ин рў шоири замонашинос дидааст, ки тақвими вай кўҳна аст ва «мардуми порина», мардуми боқимонда аз замонҳои гузашта, кўчиёни ваҳшӣ миллатро ба ақиб, ба давраҳои ибтидоии таърих мекашанд, пеш рафтан намегузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё