Хуросон аст ин ҷо

Дар қарни 18 Бедилро боз бештар навмедии таърихӣ рух намуд. Ба гумони қавӣ шеъри зерини Бедил на танҳо аз аҳволи Ҳинд ҳикоят мекунад, балки бо огоҳӣ аз ҳоли Мовароуннаҳр, аз ҳоли мардуми ватани аслиаш, ки даста-даста гурезон ба Ҳинд меомаданд, гуфта шудааст:
Ҳеҷ касро дар бисоти орамидан ҷо намонд,
Гарди ваҳшат бол зад, чандон ки нақши по намонд.
Бар табоеъ танг шуд ҷавлонгаҳи саъйи ҷиҳот,
Он қадар майдон ки кас миҷгон кунад боло, намонд.
Теғи навмедӣ ҷаҳонеро зи якдигар бурид,
Ранг бар рў, ҳарф бар лаб, рабт дар аъзо намонд.
Баски ҳар кас пеш рафт аз офиятгоҳи умед,
Дар хиёлободи имрўзи касе фардо намонд.
Оташи ҷуръат фусурду ҷавхари ғайрат гудохт,
З-он ҳама савлат ба ғайр аз рўъб дар дилҳо намонд.
Нола дар кўҳсор аз худ рафтане дар бор дошт,
Ҳар киро дидам дар ин саҳрои ваҳшат, во намонд.
Чунонки мебинем, Бедили бузург сахт ба бадбинӣ афтодааст ва дигар аз фардо умед надорад («Дар хиёлободи имрўзи касе фардо намонд»). Гўё миллат дигар аз ояндаи таърихӣ маҳрум аст.
Дар замоне, ки навмедии таърихӣ дар Фарорўд ҳанўз пурқувват буд, равшангарон ба майдон омаданд. Равшангарон аз аввал ба ҷомиа аз ин, ки умеди таърихӣ пайдо шудааст, мужда расониданд. Онҳо гўё эълом доштанд, ки давраи тўлонии ноумедиҳо ба поён мерасад ва имкон пайдо шудааст, ки миллатро аз вартаи нобудӣ берун бикашем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё