Хуросон аст ин ҷо

Яъне илм на танҳо барои пешрафти техника, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисод лозим аст, балки омили асосӣ дар ташаккули маънавияту одамияти шахс аст. Бино бар ин охирин хулосаи он асар ин буд: «Аввалин наҷотдиҳандаи мо илм аст».2 Аз ин ҷо чун дар асари дувумаш «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» гуфт:
«Сабаби умдаи тараққии ҳар миллат илм аст»3, бо ин хулоса тараққии умумӣ - ҳам рушди иҷтимоъӣ, иқтисодиву сиёсӣ, ҳам рушди маънавию ахлоқиро ба назар дошт. Ба ин сабаб рисолаи саввуми вай «Раҳбари наҷот» саропо дар бораи бузургдошти илму дониш аст. Муаллиф ин ҷо барои илм, навъҳои он ва суди ҳар кадоми онҳо 16 боб кушодааст.
Дар андешаҳои баъзе ҷадидон илму дониш асосан як омили рушди иҷтимоъиву иқтисодӣ буда, ахлоқ бештар иборат аз одоб аст ва ҳам илму ҳам ахлоқ то андозае аз ҷанбаи маънавӣ ҳанўз ҷудоанд, ба сифати як мафҳуми фалсафӣ намудор нашудаанд, ба муаммои бунёди аслии мавҷудияти инсон ва ҷомеа робита пайдо накардаанд ва ё робитаи амиқи онҳо бо фалсафаи иҷтимоъӣ номушаххасу хира мондааст. Ин робитаҳо дар навиштаҳои Фитрат равшану возеҳ намоён шуданд. Аз рисолаи «Раҳбари наҷот» равшангарӣ дар фаъолияти Фитрат на танҳо фарҳанггустарӣ, балки аввалан ҷустуҷўи асосҳои маънивии ҳастист.
Чун фарогирии илму дониш зарур аст, масъалаи қобилияти инсон, дар навбати аввал масъалаи ақлу хирад пеш меояд. Дар аввали рисолаи «Раҳбари наҷот» боби махсусе дар бораи хирад ҷой гирифтааст ва Фитрат мегўяд, ки ақли фитрӣ дар натиҷаи шинохти ҳақиқат ва фарогирифти илм ба дараҷаи олии рушд мерасад.
Муаллиф аз ин ҷо хулоса баровардааст, ки фаро гирифтани
1 Фитрат. Мунозара, саҳ. 46, 50.
2 Фитрат. Мунозара, саҳ. 46, 50.
3 Баёноти сайёҳи ҳиндӣ «Садои Шарқ», 1988, № 6, саҳ. 26.
донишҳо, илмҳо ва ҳақиқат зарур аст, бо ин кор боиси рушди ақли худ шудан вазифаи ҳар кас аст, зеро зиндагии ҳақиқии инсон бидуни хирад имконпазир нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё