Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин ҷо хулосаи дигаре ба миён омадааст: «Раҳбари саодати дунё ақл аст»1. Ин натиҷагирӣ ба ин тарз такмил шудааст «Раҳбари саодати дорайн ақл аст»2. Ин ҷо дорайн ду дунё, ин дунё ва охират аст, яъне ҳаёти дунявӣ ва динӣ бояд ба ақл асос ёфта буд.
Бузургдошти илм дар навиштаҳои ҳама равшанфикрони Осиёи Миёнаи охири садаи 19, хусусан ибтидои садаи 20 ба дид меояд.
Аммо баррасии ақл ба сифати як мақулаю категорияи олии маънавию ахлоқӣ танҳо дар осори баъзе маорифпарварон, аз ҷумла Аҳмади Дониш ва Абдуррауфи Фитрат дида мешавад. Фитрат дар андешаҳои фалсафии худ ба натиҷае расид, ки ақли иисонро такмил ва тараққӣ додан муҳимтарин вазифаи шахс ва ҷомеа мебошад.
Инкишофи фикрии одамӣ ба дараҷаи муҳимтарин вазифаҳои иҷтимоъӣ бардошта шуд.
Ин аст, ки фалсафаи Фитрат поя бар хирадгароии донишмандони асрҳои гузашта, ки ба хусус дар тамаддуни аҳди оли Сомон қувват гирифта буд, дорад: ҷомиаи нав, ки ҷадидон бунёд кардан мехостанд, бояд хирадгароӣ, бо аклу заковат курсибандӣ шафад.
«Ақл» ва «давлат» дар осори Аҳмади Дониш ду мафҳуми ҷудоинопазир аст, ки ин байти Саъдиро овардааст:

Ақлу давлат қарини ҳамдигаранд,
3 Ҳар киро ақл нест, давлат нест.

1 Фитрат. Раҳбари наҷот. «Садои Шарқ», 1992. №7-8, саҳ. 28-29.
2 Фитрат. Раҳбари наҷот. «Садои Шарқ», 1992. №7-8, саҳ. 28-29.
3 Аҳмади Дониш. Наводир ул-вақоеъ, қ. I, саҳ. 101.

пешина
аз 351
навбатӣ