Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қариб ҳама бо шеваи деҳаяку шаҳраки худ ё бо шеваи туркиолуду русиолуд гап мезананд. Родиёву телевизион ва расонаҳои умум бо як забони кўчабозории шевагию китобии махлуту ғализ ва дурушт сўҳбат мекунанду менависанд. Калимаҳои аҷибе мисли «хўрока», «пўшока»-ро сохтаанду мегўянд. Дур нест, ки «нўшокӣ»-ро низ «нўшока» гўянду нависанд. Ин ҳама бефарҳангӣ ва надонамкорӣ ва сардаргумиҳо то ба ҷое расидааст, ки намедонем Лайлӣ мода буд ё нар... (Пўзиш мехоҳам!) Мегўянд, ки маъданшиносони тоҷик аз қаъри кўҳсори Тоҷикистон унсурҳое кашф кардаанд, ки дар радифи унсурҳои ҷадвали даврии Менделеев нест. Эй кошу сад кош унсурҳое мисли фарри ориёӣ, нангу номуси миллӣ, ифтихор аз худу аз миллат, аз забон ва фарҳанги худ, миллатпарастӣ, бародарнавозӣ, хайрхоҳӣ ба ҳамдигар, ҷавонмардӣ, ашрофият ва… кашф мекарданд, ки аз нону об ҳам бештар ба дарди миллати мо мехуранд…
Агар шукўҳи ифтихори мо Фирдавсивор (Ҳама ҷои Эрон сарои ман аст), Низомивор (Ҳама олам тан асту Эрон дил), Айнивор (Тоҷикон як қавми бузурганд), Нафисивор, ки Варорўдро «сарзамини поки ниёконам» мехонад, мебуд ва манзурамон аз Эрон ё Хуросон ё Ориёно ё Варорўд ҳамон Хурсони бузург ё Эрони бузург - ватани муштаракоти фарҳангӣ ва маънавӣ ва забонӣ, муқаддасот ва анъаноти мо мебуд ва миёни мо омадшуд ва додуситадҳои фарҳангӣ бештар бидуни раводидҳои расмӣ сурат мегирифт, шояд гардани баландтар ва забони гўётар ва сари афрохтатаре доштем. Дар ин маврид ҷои он дорад, ки ба ҳарфҳои хадафманди донишвар ва бинишвари покманиш Наҷиби Моили Ҳиравӣ, ки хостори бозпайвастани ҳама гусехтагиҳои фарҳангӣ ва забонии Хуросони бузург мебошад, гўш фаро диҳем: «Пас аз ватани ақида, ҳамчунон ақвоми гуногуни сарзаминҳои арабӣ, ватане доранд фарҳангӣ, ба ном ватани арабӣ; Аҷам низ дар минтақаи мо - хусусан Ориёно, Эрон ва Тоҷикистон ватане доранд фарҳангӣ, ки сохтори он дар дарознои таърих бештар ва низ амиқтар бо забони форсии дарӣ таҷассум ёфтааст, ба ҳамин ҷиҳат метавон аз он унвони ватани фарҳангии форсизабонон, форсидонон ва форсигўён иборат кард.

пешина
аз 351
навбатӣ