Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қаламрави ин ватан ончунон фарох ва дароздоман аст, ки на танҳо форсизабонон, балки форсигўён ва форсидононро низ дар самими қалб ва батни худ ҷой медиҳад...»2 Зимни ин иқтибос ба ёди ватани ормонии форсизабонон, ки орзуи устод Шакурӣ низ дар китоби ҳозир ҳамин аст, оҳи гарони синасўзе кашидам, аммо чи кунам, ки дар матни воқеияти имрўз ҳоламон чунон аст, ки ҳаст…
Дар поёни ин чанд сухан он чӣ аз тору пуди китоби устод Шакурӣ баҳра гирифтам ва ба ин баҳона дардҳои воқеии имрўзи тоҷикон, доду фарёдҳо, гиряҳои хомўш ва фишорҳои фурўхурдаи диламро дар як ғазал мўя кардам ва он ғазалро ба ифтихори ҳафтодумин солрўзи устоди гаронмоя тақдим медорам.
Маъмулан дар рўзҳои ҷашн ғазали шодӣ ва муборакбодӣ мегўянд, аммо ман ғазали асафангез, ҳузномез ва гиряолуд гуфтам, зеро зиндагии мо имрўз фурўғи шодӣ надорад ва китоби устод ҳам ин нуктаро борҳо хотирнишон месозад:

Ҷон ба қурбони ту, эй миҳани хунинкафанам,
Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.
Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд,
Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шиканам?
Дўст душманнасақу душмани ту дўстнамост,
Рост гўям, бипаронанд зи чашму даҳанам.
Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?
Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд,

1 Манзури Наҷиби Моили Ҳиравӣ аз Ориёно Афғонистони имрўз аст.
2 Наҷиби Моили Ҳиравӣ. «Бигзор то аз ин шаби душвор бигзарем».

пешина
аз 351
навбатӣ