Хуросон аст ин ҷо

Ҳеҷ шубҳа нест, ки одамон ба ҳар диневу мазҳабе ва аз ҳар қавмеву миллате ки бошанд, фарзанди як падаранд ва афроди як ҷинс, ба иборати дигар бародарони якдигар ҳастанд. Пас лозим аст, ки бидуни қайду шарт бо ҳамдигар муҳаббату шафқат дошта бошанд».1 Пантуркизми Фитрат хилофи ин ақидаи олии башардўстона буда бар зидди манфиатҳои тоҷикон равона гардид ва ўро ба он водошт, ки нисбат ба халқи худ беинсофӣ ва зўроварӣ пеша гирад.
Зиёда аз ин вай нисбат ба тамоми ҷомеа адолати иҷтимоъиро поймол кард, зеро розӣ шуд, ки лашкари бегона Бухороро ишғол ва ғорат намояд ва номи ин ишғолгариро инқилоб гузошта, дар «ҳукумати инқилобӣ» Фитрат ҳам ба курсии вазорат нишаст. Яке аз нахустин корҳое, ки пас аз инқилоб анҷом ёфт, ин буд, ки бо ташаббуси Файзуллоҳ Хоҷаев - сарвари ҳукумати Ҷумҳурияти Халқии Шўроии Бухоро ва Фитрат мактабҳои Бухоро ба забони туркии усмонӣ ва баъдтар ба забони ўзбекӣ гузаронида шуд. Дар идорахонаи Фитрат расме ҷорӣ шуд, ки ҳар кас ба форсии тоҷикӣ ҳарф занад, панҷ сўм ҷарима меситониданд.2 Натиҷаи ҳамин сиёсати пантуркистӣ буд, ки Бухоро ба сифати як давлат барҳам хўрд, Бухорову Самарқанд аз ҳудуди Тоҷикистон берун монд, ҳатто чанд гоҳ Хуҷандро ҳам ба Тоҷикистон надоданд.
1 Фитрат. Раҳбари наҷот. «Садои Шарқ», 1992, № 9, саҳ. 49. Байти аввали шеъри Саъдӣ аз ҳадис омадааст. Пайғамбари акрам фармуда:
«Фарзандони Одам аъзои як пайкаранд». Ин маънӣ дар достони Ҳинди қадим «Моҳобҳорот» низ омадааст: «Дар олами фонӣ ҳамагон аъзои ҳамбастаи якдигаранд».
2 Шоҳидони воқиа, аз ҷумла муаллим Саъидов соли 1930 дар анҷумани забоншиносони тоҷик, ки дар Сталинобод-Душанбешаҳр гирд омада буданд, аз баъзе ҷузъиёту тафсилоти ин ҷаримаандозиву ҷаримаситонӣ ҳикоят карданд. Мухтасари тунднавишти ин анҷуман дар рўзномаи «Тоҷикистони сурх» 1 сентабри 1930, № 196 чоп шуда буд, аммо аз ҷониби Фитрат раддияе содир нашуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё