Хуросон аст ин ҷо

Ин аст, ки дирўза маорифпарвару башардўст, ки аз паи Саъдӣ ва Аҳмади Дониш рафта, ҳама халқҳоро «бародарони якдигар»
ҳисобида буд, ба муқобили яке аз миллатҳои шариф, ки боз ҳам худ як ҷузъи он аст, зўроварӣ ба кор бурд. Сиёсӣ кардани ғояи маорифпарварӣ, дар ҳукуматҷўӣ гаравидан ба неруҳои сиёҳкор чунин натиҷа дод, ки яке аз барҷастатарин ҷадидон ба идеалҳои олии маънавӣ, ҳатто ба халқи худ хиёнат кард.
Дигардесиҳои сарнавишти Фитрат басе ибратомўз аст. Алҳақ, маънавиятҷўӣ ва ғояҳои олии маорифпарварӣ шахсияти инсонро ба мартабаҳои баланди одамият мерасонад, аммо сиёсатгароии маҳз ва ҳокимиятҷўии мутлақ қобил аст шахсро ба қаъри пастию фурўмоягӣ раҳнамун гардад. Печидагиҳои такдири Фитрат пеш аз ҳама гувоҳӣ медиҳад, ки агар дар фаъолияти амалӣ усулу принсипи сегонаи ягона вайрон шавад, яъне омили сиёсӣ аз ҷумлаи омилҳои сегонаи ҳамгарою ҳампайванд бартарӣ ёбад ва аҳамияти мутлақ пайдо кунад, боиси харобии шахсияти инсон гардида, мумкин аст бўҳрони иҷтимоъӣ, моҷароҷўӣ, томравоӣ ва ғайра пеш орад.
Бартарӣ ёфтани омили иқтисодӣ низ дар шароити муайян харобкорӣ метавонад оварад. Амали мутаносибу ҳамгароии омилҳои асосӣ, бартарию танзимгарии фарҳанги маънавӣ бештар имкон хоҳад дошт, ки барои тараққии ҷомеа замина фароҳам орад, барои шукуфти шахсият ва ривоҷу равнақи кишвар шароит тайёр кунад.
Гаравидан ба фикри туркӣ ва ҳокимиятҷўии ҳаром гуноҳи бузургест, ки баъзе аз ҷадидон содир карданд ва оқибат ҷазои онро диданд: дар зиндонҳои шўравӣ ва яхзорҳои Сибир аз дасти ҳамон низомиёни рус, ки дирўз пушту паноҳ ва қувваи озодибахш ба шумор меомаданд, ба ҳалокат расиданд ва ин руз ба сари бисёр ҷадидони бегуноҳ ҳам омад. Лекин аз касофати он гуноҳи иддае ба лавҳи тақдири таърихии мардуми тоҷик нақши фалокатборе нишаст, ки то имрўз сутурда намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё