Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин ҷо «хамир вар омад» ба маънои хамир расид ва маҷозан ба маънои мастӣ ва ҷуфтҷўӣ эзоҳ шудааст. Ва мисраъи дувум чунин маънӣ шудааст: «Эй, хотун! Дурўғ бад аст!»
Профессор Додихудо Саймиддинов маънидоди дигаре пешниҳод кард. Ў пешниҳод кард, ки байти мазкурро ин тавр бояд хонд:

Кўри хамир омад
Хотун дар вағи канда

Ва Додихудо Саймиддинов маънои онро чунин ёфт: Кўри амир (Саъид ибни Усмон) омад ва Хотун дар вағ (бутхона)-и вайрон(канда) пинҳон шуд.1 Мо ҳоло намедонем, ки кадоме аз ин хонданҳо ва маъникардҳо ба ҳақиқат наздиктар аст. Ба фикри мо бар ҳар ҳоле байти мазкур, ки устод Абулҳусайни Зарринкўб аз як китоби арабӣ ба даст оварда буд, санади муҳиммест ва гувоҳӣ медиҳад, ки форсии дарӣ, ки ровии ривоят «забони бухорӣ» ва «забони хуросонӣ» номидааст, пеш аз соли 56 ҳ. – пеш аз расидани лашкари араб дар Мовароуннаҳр вуҷуд доштааст. Аз ин ки забони байт ба Бухоро ва Хуросон нисбат дода шудааст, метавон гуфт ки забони ҳар ду сўи рўди Омў ҳамгун будааст, форсии дарӣ дар ҳар ду сўи Омў вуҷуд доштааст.
Ба ҳар ҳол байти мазкур, санади муҳиммест ва гувоҳӣ медиҳад, ки форсии дарӣ, ки ровии ривоят «забони бухорӣ» ва «забони хуросонӣ» номидааст, пеш аз соли 56 ҳиҷрӣ - пеш аз расидани лашкари араб дар Мовароуннаҳр вуҷуд доштааст.

1 Д. Саймиддинов. Шарҳи ду пора шеъри куҳан аз сурудаҳои мардуми Бухоро // Номаи пажўҳишгоҳ, 2005, № 7, саҳ. 13.

пешина
аз 351
навбатӣ