Хуросон аст ин ҷо

Аз Хаталон омазиҳ,
Ба рў табоҳ омазиҳ.
Обор боз омазиҳ,
Хушк низор омазиҳ.
Шеъри форсии Ибни Муфарриғ, ки академик Бобоҷон Ғафуров ба он ишора кардааст, барои бовар ҳосил кардан ба ин ҳақиқат, ки дарӣ дар Хуросон қадимист ва ба пайдоиши арабҳову забони арабӣ вобастагӣ надорад, низ асос медиҳад. Ибни Муфарриғ дар асл араб будааст, вале дар Хуросон нашъу намо ёфтааст ва то он дараҷа форсӣ ёд гирифтааст, ки соли 60 ҳиҷрӣ - 680 мелодӣ, яъне чандин сол пеш аз он ки арабҳо Хуросонро забт кунанд, дар Басра барои эронибачаҳо ба дарӣ шеър гуфтааст.
Забони дариро ба ин дараҷа ёд гирифтани Ибни Муфарриғ ба эҳтимоли қавӣ ба он сабаб аст, ки ин забон дар Хуросон ривоҷ дошт. Ва «форсӣ омухтани ин шоир мавкул ба вуҷуди забоне расмӣ ва умумӣ дар Хуросон ва Басра будааст, на забоне дар ҳоли ба вуҷуд омадан». Дигар пажўҳишгарон низ чунин ақида изҳор кардаанд. Аз ҷумла далелу бурҳони Садриддини Айнӣ хеле қавист. Вай мегўяд:
«Дар асоси забони паҳлавӣ пайдо шудани забони форсии ҷадид...
нодуруст аст… Дар шеъри Рўдакӣ ва Дақиқӣ калимаҳои паҳлавӣ ҳеч нест ё ин ки ками дар кам аст». Ҳақ ба ҷониби Неъмати Озарм аст, ки чанде аз далелҳои ҷолиберо аз назар гузаронида, дар охир чунин хулоса баровардааст:
«Агар ин забон натиҷаи омезиши забони арабӣ бо паҳлавии сосонӣ мебуд, ночор бояд дар шаҳрҳои ҷануби ғарбии Эрон, ки бештар маҳалли бархўрди ду забон ва тасаллути аъроб буд, ба вуҷуд ояд, на дар шимоли шарқии кишвар, дар минтақае, ки ҳамеша худро аз нуфузи аъроб барҳазар медоштааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё