Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба фаҳми мо, агар «забони ҷудогонаи» рустоиёни Бухоро як лаҳҷаи забони суғдӣ бошад, «забони ҷудогонаи» мардуми шаҳри Бухоро ҳамоно ҷуз форсии дарӣ буд.
Ин тахминро навиштаи Ибни Ҳавқал низ қувват медиҳад:
Ибни Ҳавқад дар «Сурат-ул-арз» овардааст: «Забони мардуми Бухоро ҳамон забони аҳли Суғд аст, ҷуз он ки баъзе аз калимотро таҳриф мекунанд ва ононро забони дарист». Ин сухани Ибни Ҳавқал, ки хеле ҷолиб аст, инчунин навиштаи Мақдисӣ, Истахрӣ ва дигарон дар пажўҳишҳои сершумор шарҳу баён гардидааст ва мо алъон ба ин чиз ҷалби диққат кардан мехоҳем, ки дар ин гуфтаи Ибни Ҳавқал ҳам аз ду забон сухан меравад: ҳам суғдӣ, ҳам дарӣ.
Ибни Ҳавқал ҳукми қатъӣ дорад, ки «ононро забон дарист».
Пас ин ҳамаро бояд чунин маънӣ кард, ки форсии дарӣ дар Мовароуннаҳр пеш аз исломият, пеш аз садаи 7-и мелодӣ густариш дошт.
Аз далелҳои зиёде шак намемонад, ки форсии дарӣ пеш аз исломият дар ғарби Эрон бештар забони дарбор буда (ва аз ин ҷо дарӣ, яъне дарборӣ ном гирифта) инчунин дар шаҳрҳо ва марказҳои маъмурӣ роиҷ буда, асосан дар Хуросону Мовароуннаҳр хеле густариш доштааст. Ин хулоса аз баррасиҳои бисёр донишмандон пайдо мешавад. Дар ин бора Муҳаммадтақии Баҳор, устод Садриддини Айнӣ, академик Абдулғанӣ Мирзоев, академик Бобоҷон Ғафуров, дуктур Сафо, Қазвинӣ ва дигарон андеша рондаанд. Мо ҳоло аз баёни андешаҳои Лазар, Бертелс, Оранский, Семёнов, Фрай ва дигарон дар бораи пайдоиши форсии дарӣ худдорӣ мекунем ва фақат ҳаминро гўшгузор меорем, ки ба ақидаи маликушшуаро Баҳор забони дарӣ «лаҳҷаи хоси мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр, Нимрўз ва Зобулистон будааст».

пешина
аз 351
навбатӣ