Хуросон аст ин ҷо

Абдулғанӣ Мирзосв ҳамфикри Баҳор аст ва ақида дорад, ки дарӣ ба Мовароуннаҳр «дар қатори забонҳои паҳлавӣ (форсии миёна) ва суғдӣ то вақти истилои араб давом карда омадааст». Садриддини Айнӣ дар номае, ки ба номи фарзандаш Камоли Айнӣ навишта буд, дар бораи ноҳияҳои густариши дарӣ дар Мовароуннаҳр боз ҳам мушаххастар сухан рондааст. Вай гуфтааст, ки дарӣ хеле пештар аз исломият «дар Хуросони шарқӣ (марказаш Балх), дар Чағониён (дар Тирмиз ва Ҳисор, дар Хатлон ва дигар кўҳистони тоҷикнишин) зинда буд». Бар ин ки дарӣ он гоҳ дар Бухоро ҳам интишор дошт, на танҳо аз суруде, ки дар бораи ишқи саркардаи араб Саъид бинни Усмон мардуми Бухоро гуфтаанд, балки аз ин ҳам бовар ҳосил мекунем, ки ҳамчунонки машҳур аст, чун Қутайба бинни Муслим соли 713-и мелодӣ дар Бухоро масҷиди ҷомеъ бино кард, маҷбуран чанд сураи Қуръонро ба порсӣ тарҷума кунонид ва мардум ба порсӣ намоз мехонданд. Аз ин ки маҳз ба порсӣ тарҷума кунонидани намоз лозим омад, ошкор аст, ки мардум ҳама ё аксарият порсигўй будаанд. Соли 728-и мелодӣ як мубаллиғи ислом дар Самарқанд аз таблиғот даст кашид ва чунин узр пеш овард, ки забони форсиро хуб намедонад. Пас дар аввали исломият дар Самарқанд ҳам барои таблиғ порсӣ донистан лозим буд, яъне ошкор аст, ки мардум ҳама ё аксарият порсигўй будаанд.
Гумон намеравад, ки ба форсӣ тарҷума кардани намоз ё ба форсӣ ваъз гуфтан ба он сабаб зарур омад, ки аз Эрони сосонӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё