Хуросон аст ин ҷо

ПЕШГУФТОР
Мардуми тоҷик, аз ҷумла тоҷикони Мовароуннаҳр яке аз миллатҳои маънавият-парвару маънавиятпарварданд ва дар рушду камоли фарҳангии халқҳои гирду атроф, ҳатто баъзе халқҳои дур нақше доштаанд. Агар моҳияти таърихро дарунмояи маънавии он муайян мекунад, бо ифтихор бояд бигўем, ки бештарин қисми таърихи тоҷикон иборат аз фаъолияти маънавӣ, аз маънавиятофаринӣ буда, ҳама сарнавишти онҳо дар тўли асрҳо моҳияти маънавии таърихро хеле барҷаста намудор овардааст. Мо ақида дорем, ки яке аз муҳимтарин масъалаҳои ҳастии имрўзии тоҷикон низ масъалаи маънавият аст.
Дар «Фарҳанги бузурги сухан» маънавият-ро чунин таъриф кардаанд: «Маънавият – маҷмуаи ҷанбаҳои фикрӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва отифии инсон, маҳсулоти фикрии он».
Он чи ин ҷо «маҳсулоти фикрӣ» ном гирифтааст, бунёди маънавиятро ташкил мекунад. Натиҷаи ҷустуҷўҳои фикрии аҳли башар ки асрҳо боз идома дорад, андўхтаҳои маънавии мардуми имрўзро фароҳам овардааст.
Ҷустори маънии ҳастӣ, кўшиши пай бурдан ба маънои воқиаҳои атроф, маънои рафтору гуфтори мардум, кўшиши сарфаҳм рафтан ба маънои зиндагӣ ва ҷаҳон, муҳимтарин ақидаҳои фалсафиву ахлоқӣ, зебошинохтӣ ва ғайра, ки аз ин
ҷустор ба даст омад, захираи маънавии ҷаҳониёнро ба вуҷуд овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё