Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маънои аслии маънавият маъниҷўист, шинохт, маърифат, дониш аст.
Маънавият аз худҷўйиву худрасӣ оғоз меёбад ва ба худшиносиву худогоҳӣ меоварад.
Худҷўйӣ кўшиши доимӣ дар роҳи шинохти худ, дар роҳи расидан ба моҳияти ҳастии худ аст. Инсон нахуст худро бояд бишносад, мизоҷи худ, феълу хўйи худ, фазилатҳову норасоиҳои худро биҷўяд ва бидонад, моҳияти инсонии худро қувват бидиҳад ва ҷисму ҷони худро аз олудагиҳо пок бисозад.
Раванди худшиносӣ ҷанбаи берунӣ низ дорад. Инсон на танҳо ба ҳастии худ нигоҳ медўзад, балки ба гирду пеш ҳам нигоҳ меандозад, ҳолати мардуми атроф ва муҳити зисти худро низ ба андеша мегирад ва аз ин андеша хулосаҳо мебарорад. Асли мақсад аз шинохти дигарон ҳамоно шинохти хештан аст. Нигоҳе, ки ба дигарон дўхта шуда буд, боз ба хештан нигаронида мешавад ва он гоҳ шахс худро бо дигарон муқоисакунон шинохти хешро амиқтар мебарад, чун ба ҷаҳон рў овард, ҷойгоҳи худро дар ҷаҳони ҳастӣ муайян мекунад.
Ба ин тариқ худшиносии мазҳабӣ, фалсафиву ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, худогоҳии иҷтимоъи ва миллӣ раванди пурпечи маънавист, ки ҷанбаҳои инсонии ҳастии шахсро неру мебахшад.
Миллате, ки дар роҳи маънавиятҷўйӣ кўшо будааст, фарҳанге воло ба вуҷуд меорад ва бештар имкон хоҳад дошт, ки бо миллатҳои дигар аз рўйи одамият муомила бикунад ва дар миёни халқҳо сарбаланд бошад.
Тамаддуни ориёӣ аз нахуст, ба вежа аз Авасто ва омўзаҳои Зардушт поя бар фарҳанги маънавӣ устувор намуд. Ислом мағзи маънавии ин тамаддунро афзун кард, ҷустуҷўҳои инсонро дар шинохти асрори ҳастӣ ва маънои зиндагӣ ва мақсад аз омадан ба ин ҷаҳон хеле амиқ кард, моҳияти маънавии ҳама ҳастии инсонро падидор овард.

пешина
аз 351
навбатӣ