Хуросон аст ин ҷо

Форсии дарӣ дар ин муборизаи таърихии сарнавиштсоз миллатро ба ҳам муттаҳид кард ва ба ҷаҳду ҷадал сафарбар намуд, рафти мубориза онро сайқал дода, қувва ба қувваи он афзуда, қадам ба қадам қаламрави онро густариш дод. Форсии дарӣ ва неруи рўзафзуни он яке аз падидаҳои асосӣ ва муҳимтарин ҷузъи иродаи миллат буд, ки дар роҳи озодию истиқлол ва рушду камоли маънавӣ амал мекард. Ҳама шукўҳу азамати миллати мубориз на танҳо дар амалиёти қатъии ў, балки на камтар аз он дар забони вай таҷассум ёфт. Пирўзии миллат боиси пирўзии форсии дарӣ гардид ва дар баъзе мавридҳо пирўзии форсии дарӣ чун яке аз сабабҳои асосии ғалабаи миллат хизмат кард. Ин аст, ки бояд бигўем; дар арсаи таърих худро устувор кардани миллат, пешрафти иҷтимоъию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангии баъдии он сахт ҳамбаста бо ташаккулу тараққии форсии дарист.
Ин пирўзӣ чунон мукаммал ва пурдомана буд, ки устод Рўдакӣ сари ифтихор баланд кард ва гуфт:
Имрўз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирўзӣ он ҷост.
Оре, Бухоро Бағдоди дувум ва форсии дарӣ дувумин забони
ҷаҳони ислом шуд. Ва ин ҳам бояд боз ба таъкид ояд, ки ҳамон
неруҳои иҷтимоъиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ, ки Бухороро ба
ин мартаба бардоштанд, забони форсиро низ ба он рутба
расониданд. Дар айни замон метавон гуфт, ки забони форсӣ
Бухороро бар маснади бағдодӣ нишонид, яъне худ неруе буд, ки
ҳама қувваҳои иҷтимоъиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавиро
сафарбар ва пирўзии онҳоро таъмин намуд, зеро зиёдтар аз ҳар
кадоми онҳо имкон дошт, ки моҳияти ҳамаи онҳоро мукаммалан ифода кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё