Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин қобилият барои ҳамаи халқҳои атроф, барои тамоми чаҳони исломиён зиёда аҳамият дошт ва забони форсиро ба арсаи байналхалқӣ баровард.
Ин аст, ки арзишҳои олии фарҳангии мардумони эронинажод дар низоми дороиҳои маънавии ислом аз аввал ҷойгоҳе басазо ёфт, дар ташаккулу таҳаввули он пайваста нақш мегузошт ва ин нуфузи офаринанда як воқеияти раднопазир аст, ки падидаҳои хурду калон бисёр дорад.
Ҳангоме ки забони дарӣ ба пояҳои баланди камолот расид, овони дубора қомат рост кардани Эрон, даврони оли Сомон буд.
Эрон бори гарони мутеъиву саркўфтагӣ ва вомондагии дуру дарозро бартараф намуда, боз қувваи азими эҷодкории ақлу заковат ва фарҳанги худро ба аҳли олам намоиш дод, истиқлоли сиёсӣ ба даст овард ва давлати бузурги мутамаркизе устувор сохт.
Қувваи ин худҷўиву худрасии иҷтимоъиву таърихӣ дар давлатдории шукўҳманде таҷассум ёфта, худшиносии маънавӣ бештар дар забон, дар форсии дарӣ ифода шуд. Рўҳи эронӣ, даҳои миллат худро бештар аз ҳама дар форсии дарӣ ёфт. Форсии дарӣ, сухани волои тавоно муқтадир ҳама ҳастии маънавии эрониён, аз ҷумла аҷдоди тоҷиконро ифода намуда, падидаҳои онро нахуст бо сурудаву навиштаҳои Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалии Сино ва дигар нобиғаҳои даврон ба аҳли олам бурд ва ҳанўз мебарад.
Аҷдоди ҳамин тоҷикони кунунӣ буданд, ки ин растохези миллиро барпо намуданд, бо як ҷунбиши таърихӣ тобу тавони маънавии миллат ва имконоти фавқулъодаи забони онро аз қувва ба феъл оварданд, заминаи рушду камоли баъдии онро фароҳам карданд. Мардуми ин сарзамин як муддати тўлонӣ ҳама азму иродаи миллӣ, ҳама неруи наҷотбахшу офаринандаи Эронро дар худ гирд оварда ва бо ин марказият он иродаву он неруро яке бар чанд афзоиш дода, барои иҷрои вазифаи бузурги таърихӣ ба кор андохтанд.

пешина
аз 351
навбатӣ