Хуросон аст ин ҷо

Аз файзу баракати фарҳангии ин сарзамини маънавиятхез халқҳои гуногун баҳра бурданд.
Агарчи дар садаи 15 душворписандӣ ва маснўъият (масалан дар «Равзат-ус-сафо») ривоҷ ёфт, соданависӣ ва такаллуфпарҳезӣ ҳамчунон аз тамоюлоти асосӣ буд.
Дар ин давра ва давраҳои баъд форсии Хуросону Мовароуннаҳр тавонист содагиву равонии аслии худро бештар аз забони адабии дигар минтақаҳо нигаҳдорӣ кунад. Лаҳҷаи мардуми Мовароуннаҳру Хуросон ҳанўз ҳам сода буд, вожаҳои арабӣ кам дошт, ба хусус аз ҷамъи арабӣ ва ҷамъи шикаста парҳез мекарданд.
Ин хусусиятҳо ба навиштаҳои нависандагони ин диёр, чи ба наср ва чи ба назми онҳо нақше мегузошт.
Форсии Мовароуннаҳру Хуросон баъзе аз ин хусусиятҳои худро то ба Ҳиндустон бурд. Форсии Ҳинд бештар форсии Хуросон аст, на умуман Эрон. Шояд аз ҳамин сабаб соданависӣ дар форсии Ҳинд ҳамеша аз роиҷтарин равияҳо буд. Ин хусусият ба забони урду ҳам гузашт. Инро дуктур Алӣ Акбари Ҷаъфарӣ таъкид намудааст. Вай дар мақолаи «Аз урду порсии сара биёмўзем»
гуфтааст, ки урду монанди «форсии Хуросон камтар аз форсии мардуми Порсу Сипоҳон ва дигар ҷоҳои ғарб омехта ба вожаҳои тозӣ шуда» ва «то метавонад аз овардани ҷамъи арабӣ дурӣ меҷўяд»1. Покиву содагии урду аз фазилати форсии Ҳинд аст, ки дар навбати худ аз форсии Мовароуннаҳру Хуросон файз бурдааст.
Дуруст аст, ки дар Ҳинд печидагии сухан ва душворписандӣ ҳам хеле ривоҷ ёфт. Дар сабки ҳиндӣ латофати сухан, нозуктасвирӣ, борикандешӣ, мазмунофаринӣ гул кард ва дар осори баъзе аз намояндагони он, чунончи дар насри Мирзо Абдулқодири Бедил душворписандӣ ва адои дандоншикан ба нуқтаи олӣ расид. Ин услуб ба Мовароуннаҳр ҳам нуфуз кард ва Малеҳои Самарқандӣ
1 Ниг.: ҳафтаномаи «Омўзгор», 25 марти 1992, № 13.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё