Хуросон аст ин ҷо

соли 1100 ҳиҷрӣ - 1688 мелодӣ дар тазкираи «Музокир-ул-асҳоб»
навишта буд: «Алвақт афкори шуаро ба навъе печидааст, ки ҳар нохуни тахайюл ба фикри бисёр осон наметавон кушудан»1. Дар нозукадоӣ шоирони забардасте чун Шавкати Бухороӣ (асри XVII) дар арсаи адабиёт ба ҷавлон омаданд. Дар асрҳои XVIII-XIX дар Осиёи Миёна пайравию тақлиди Бедил авҷ гирифт ва ба гуфти устод Айнӣ дар Бухоро «беҳтарин муншӣ ва мактубнавис ҳамон кас ҳисоб меёфт, ки муддаоеро, ки бо як ҷумла ифода карданаш мумкин аст, дар ду саҳифа бо калимаҳои қофиядор печонад»2.
Боз ҳам бояд бигўем, ки дар Мовароуннаҳр дар чунин шароите ҳам соданависӣ ва содасароӣ чун як ҷараёни пурзўр идома дошт.
Ҳатто баъзе пайравони сабки ҳиндӣ дар адабиёти форсии Осиёи Миёна содагўй буданд. Барҷастатарин мисол Миробиди Сайидои Насафист (қарни XVII). Таъсири сабки ҳиндӣ дар шеъри ў кам нест, вале содагиву равониро ҳамчунон нигоҳ доштааст. Сайидо ба Соиб ба вежа эҳтиром дошта, ба ғазалҳои ў бештар мухаммас бастааст ва сабаби инро академик А. Мирзоев чунин эзоҳ карда буд, ки аввалан «Соиб... шакли классикиро риоя кардааст» ва сониян «ба масъалаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ аҳамияти махсус додааст».3 Сурудаҳои Соиб шояд инчунин ба сабаби он, ки шеъри софи беғубор ва дур аз печидагиҳост, диққати Сайидоро ба худ кашида бошад.
Шеъри худи Сайидо чунин аст, балки боз ҳам сабуктару равонтар. Чунончи:
Ба дарё кардаам хў, мавҷи обам метавон гуфтан,
Ба каф дорам сари бетан, ҳубобам метавон гуфтан.
1 Иқтибос аз: А. Мирзоев. Сайидо ва мақоми ў. - Сталинобод, 1947,
саҳ. 34.
2 С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ.1, саҳ 54.
3 А. Мирзоев, асарн мазкур, саҳ 40 ва 41.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё