Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муддате дар канори ҳавз нишастам. Ду нафар аз муллоҳои Бухоро дар баробарам омада нишастанд…»
Ин намунае аз нақлу ҳикоятпардозии Фитрат аст. Порчаи дигар аз китоби ў «Раҳбари наҷот» (1915) меорем, ки наздик ба андешаронии таърихӣ перомуни масъалаҳои илму маданият аст:
«Доноёни аҳволи замони гузаштаро маълум аст, ки падарони мо дар ҳар боб, хусусан дар боби илму маърифат ангуштнамои ҷаҳониён буданд. Илму маърифати онҳо иборат аз такрор кардани «қилу қол»-и ҳавошӣ набуд, балки онҳо қавоиди асосияи ҳар илмро неку дониста, неку истеъмол мекарданд, то дар андак замон соҳибмалака гардида, ба таълифу таснифи китобҳои мўътабар иқтидор пайдо менамуданд ва ҳар кадоме даҳ-бист адад китоб тасниф мекарданд ва аксари он китобҳоро, ки ҳар як ганҷинаи улум буд, ба номи подшоҳони аср, ки валинеъматони эшон буданд, ҳадя менамуданд. Бо ин баҳона ҳам мамлакату миллати худро аз осори илмияи хеш баҳраманд гардонида, мустаҳиққи аҷри азим мешуданд ва ҳам номи подшоҳонро дар миёни ояндагон ба некӣ гузошта, шукри «неъмати ҳимоят»-и онҳоро ба ҷо меоварданд».
Ба ҳукми ин ки мушт намунаи хирвор аст, аз ин порчаҳо метавон тасаввур ҳосил кард, ки сухани содаву равони форсӣ дар Бухорои оғози садаи XX чи рангомезиҳо дошт.
Вежагиҳои форсии Осиёи Миёна хусусан дар навиштаҳои устод Айнӣ хеле барҷаста ифода ёфтааст. Садриддини Айнӣ (1878- 1954) яке аз бузургтарин устодони сухани форсии Мовароуннаҳр аст, ки ғаномандии андўхтаҳои луғавӣ, ҳусни ибора ва имконоти камназири баъзе шаклҳои наҳвии онро дар насри худ ба тарзе ҳар чи тамомтар фаро гирифтааст. Падидаҳои гуногуни бисёре аз равандҳои инкишофи забон, ки дар Мовароуннаҳр аз чанд асри пеш то замони мо ба дид мерасиданд, дар насри Айнӣ як ҷо гирд омада, барои дарки моҳияти онҳо замина фарохтар шуд. Устод ин равандҳоро гўё ҷамъбаст кард ва барои муайян шудани роҳу равиши баъдӣ имкониятҳои тоза ҷуст.

пешина
аз 351
навбатӣ