Хуросон аст ин ҷо

Ба шохи шўъла дорам ошён монанди парвона,
Самандартинатам, мурғи кабобам метавон гуфтан.
Ба боғи даҳр чун шабнам надорам хоби осоиш,
Чу аҳли корвон по дар рикобам, метавон гуфтан.
Ба мардум менамоям хешрову лек нобудам,
Дар ин саҳрои бепоён саробам метавон гуфтан.
Либоси фақру табъи равшане, эй Сайидо, дорам,
Ба зери абр пинҳон офтобам метавон гуфтан.
Соданависӣ дар садаи XVII фақат бо эҷодиёти Сайидо махдуд нест, балки намояндагони дигар ҳам дорад. Дар асри XVIII ва XIX ин равия бештар инкишоф ёфт. Адибоне буданд, ки қадри суханро паст накарданд, меъёрро баланд доштанд, анъанаҳои сухани баланди классикиро ҳар кадоме ба таври худ давом доданд. Инҳо Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Садри Зиё, Сиддиқии Аҷзӣ, Тошхоҷаи Асирӣ, Абдуррауфи Фитрат, Зуфархони Ҷавҳарӣ буданд, ки дар услуб аз ҳам фарқ дошта, баъзеашон ба сабки бедилӣ майл зоҳир карда бошанд ҳам, ҳама асосан бо соданависӣ ва сухани асилу матин дар таърихи забону адабиёти форсии Осиёи Миёна ҷойгоҳе ёфтаанд. Хусусиятҳои забони форсии Осиёи Миёна, аз ҷумла дигаргуниҳое, ки дар се сад - чор сад соли охир дар лаҳҷаи мардуми ин сарзамин рўй дод, аз осори номбурдагон ба хубӣ намоён аст.
Барои ин ки сухан мушаххас бошад, порае аз китоби Абдуррауфи Фитрат (1886-1938) «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» (1912) мисол меорем:
«Рафтам. Дидам ҳавзи бузургест, ба давраш дуконҳои сартарошӣ ва самоворхонаҳо дуруст карда, дар гирди ҳавз гилемҳои дарида андохтаанд. Мардум бар онҳо нишаста чой мехўранд. Дар ин ҷо нишастам. Ба ҷониби қиблаи ҳавз саҳни баланде, дар рўи саҳн масҷиди бузурге буд, ки бисёртарини мардуми Бухоро намози худро дар ин ҷо мехондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё