Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сабаби инро банда дар китоби «Забони мо ҳастии мост» (1991) андак эзоҳ дода будам. Вале фаҳмиши нодурусти масъала дар баъзе доираҳо ҳанўз идома дорад. Аз ин рў лозим меояд, ки боз каме дар ин бора сухан ронем.
Донишманди мўҳтарам оқои Ҷалоли Матинӣ дар мақолае ба номи «Дар бораи форсӣ лангвиҷ» бо ранҷиш ва сарзанишҳое гуфтааст, ки «бархе аз аҳли қалам дар кишвари Афғонистону Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 50-60 соли пеш ба кори шигифтовару бисёр бесобиқа дар дунёи адаб даст заданд ва бо барномаи ҳамоҳанг барои он ки собит кунанд форсизабонони Афғонистону Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ҳатто дар қуруни гузашта низ бо Эрон иртиботе надоштанд, номи забони форсиро дар ин ду кишвар тағйир доданд». Оқои Ҷалоли Матинӣ дар Тоҷикистон Айниро оғозгари ин кори нораво дониста, дар ҳаққи ў ба оҳанги коҳиш сухан мегўяд: «Садриддини Айнӣ - нависанда ва шоири маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе навиштааст дар се ҷилд ба номи «Намунаи адабиёти тоҷик». Вай дар ин китоб шарҳи аҳвол ва намунаҳое аз осори шоирону нависандагонеро, ки ба заъм (гумон)- и вай ба «забони тоҷикӣ» шеър суруда ё китоб навиштаанд, овардааст. Бо он ки Айнӣ сахт кўшидааст шоирони форсизабонро аз Рўдакӣ ба баъд «тоҷик» биномад ва забонашонро «тоҷикӣ», дар мавриде чанд зоҳиран аз сари саҳв аз забони тоҷикӣ ба унвони «забони форсӣ» ёд карда ва ин амр ҳокӣ (ҳикоякунанда) аз он аст, ки тағйири номи «форсӣ» ба «тоҷикӣ» дар Тоҷикистон мароҳили нахустинро мепаймудааст.1 Баъзе дигарон ҳам нисбат ба тоҷикони Тоҷикистон чунин эрод гирифтаанд ва аз ҷумла Муҳамадризои Ботинӣ гуфтааст, ки «имрўз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ (собиқ) саъй мекунад ҳамин

1 Ҷалоли Матинӣ. Дар бораи форсӣ лангвиҷ, маҷаллаи «Эроннома», соли шашум, 1306-1988, шумораи 2. саҳ. 171-199.

пешина
аз 351
навбатӣ