Хуросон аст ин ҷо

Ин унвонҳои тозаи «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «адабиёти тоҷикӣ», «Тоҷикистон» ва ғайра боиси наҷоти тоҷикон шуд. Тоҷикони Осиёи Миёна маҷбур шуданд, ки ба бисёре аз падидаҳои ҳувийяти худ номи нав дода, ба тарзе ки ба зимомдорони замон қобили қабул бошад, ҳастии милии худро исбот ва устувор намоянд. Он унвонҳои нав барои ин ки эрониёни Осиёи Миёна чун як халқи ҷудогонаи ба худ хос ба ҳастии мустақилона ҳақ пайдо кунанд, замина фароҳам овард ва дар муборизаҳои сахти даҳаи бистум барои ташаккули худшиносии миллии мардум чун омили муҳимме хизмат кард.
Абулқосими Лоҳутӣ, ки соли 1922 ба шўравӣ паноҳанда шуд, пас аз нахустин мулоқоташ бо устод Айнӣ дар соли 1925 бечуну чаро ба қабули истилоҳоте аз қабили «забони тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ» ризо дод. Ва аз ҳамон рўз дар паҳлуи Айнӣ қарор ёфта, бо ў дар роҳи ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон як умр фидокорона разм овард.
Чун ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон таъсис ёфт (1924), якумин коре, ки нахустин сарвари ҳукумати он Абдулқодир Муҳиддинов кард, ин буд, ки ба устод Айнӣ тартиб додани китобе ба номи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро супориш дод, то ки мавҷудияти халқи тоҷик, забон, адабиёт ва фарҳанги вай исбот шавад. Устод Айнӣ ин китобро ба зудии ҳар чи тамомтар мураттаб сохт ва устод Лоҳутӣ онро дар Маскав ба зудии зуд чоп кард (ҳатто худ ҳуруфчинӣ карда буд).
«Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), ки оқои Ҷалоли Матинӣ аз он ёд кардааст, бо чунин чумлаҳое оғоз меёбад:
«Аз бозе ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрўз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон чунонки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост1.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё