Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маънавияту фарҳанг шаҳсутуни ягонагии миллист. Бо роҳ пеш гирифтан ба сўйи ҳадафҳои бузурги миллӣ, бо ҷаҳду талоше, ки дар ин роҳ ногузир аст, худшиносии иҷтимоъи халқ ва худогоҳии миллат мазмуни тоза пайдо мекунад ва амиқ меравад. Зиёда зарур аст, ки аз оғози ин роҳ, аз имрўз худшиносии миллӣ ба дараҷаи кофӣ имкони раҳнамоӣ дошта бошад, чунон бошад, ки барои дуруст муайян шудани марому маслак, манфиатҳо ва ҳадафҳои миллат замина фароҳам орад, барои интихоби дурусти роҳҳои расидан ба он ҳадафҳо вазифаи самтнамоеро иҷро кунад.
Худшиносии иҷтимоъӣ ва худогоҳии миллии имрўзи тоҷикони Осиёи Миёна асосан аз инқилоби соли 1917 оғоз ёфта, дар замони таъсиси ҷумҳурии мухтори шўравии Тоҷикистон (1924) ва ба ҷумҳурии шўравии иттифоқӣ табдил ёфтани он (1929), дар рафти муборизаҳои солҳои баъд баробари ташаккули миллати тоҷик таҳаввул пазируфт. Мутаассифона, ташаккули миллати тоҷик пурнуқсон буд ва яктарафа мерафт. Тоҷикони Осиёи Миёна оқибат ранги як миллати номукаммалро гирифтанд, ки инкишофи миллӣ аз бисёр ҷиҳатҳо савияи пасте дорад ва шуури миллӣ баланд нест. Мазмуни худшиносии миллӣ вобаста ба замон буд. Гоҳ аз баъзе ҷиҳатҳо амиқ мерафт, гоҳ хеле якҷониба ва сатҳӣ шакл мегирифт. Ба замми инҳо авҷи маҳалгароӣ ва гурўҳбозӣ, ба хусус ваҳшонияти ҷанги бародаркушии даҳаи навад ба шуури иҷтимоъӣ ва худшиносии миллӣ сахт осеб овард.
Талотумҳои сахти иҷтимоъие чун ҷанги хонагӣ оқибатҳои даҳшатбори равонӣ дошта, ба маънавияти шахс ва ҷомеа газанди ислоҳнопазир мерасонанд. Дар айни ҳол чунин рўйдодҳои замон худшиносии миллиро таконе медиҳанд ва ба роҳи наве медароваранд. Рўйдодҳои шиддатноки иҷтимоъиву сиёсӣ
қодиранд худҷўиро фаъол карда, шахсро дар роҳи худҷўйӣ ба ҳар дар бибаранд, ба азобҳои рўҳӣ дучор созанд ва оқибат чашми ўро бикушоянд, шуури ўро ба пояҳои баландтари худшиносӣ бирасонанд.

пешина
аз 351
навбатӣ