Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунин биниши пургустариши назариву амалӣ имкон медиҳад, ки робитаи дирўзу парирўзи таърихӣ ва имрўзи воқеъиро ҳаматарафа санҷида, барои таъмини асосҳои маънавии рушди миллат, барои созгор овардани мабонии маънавиву моддии тараққии ҷомиа, заминаи назарии фалсафӣ омода гардад. Чунин дид ҳоло барои Тоҷикистон зиёда зарур аст.
Лозим аст, ки аз оғози истиқлоли миллӣ ва фаъолияти мустақилона бунёди фалсафии ҳастии худро муайян бисозем, пояҳои маънавии робитаҳои берунии фарҳангиву иқтисодӣ ва таҷрибаомўзиҳои байналмилалии худро устувор бикунем ва дар ин асос роҳҳои инкишофи озодонаи худро муқаррар намуда, барои ин ки дар хонадони миллатҳои Шарқу Ғарб ҷойгоҳе дошта бошем, бикўшем.
Консипсиюни инкишофи миллии тоҷикон ба фахми мо он гоҳ ба миён хоҳад омад, ки такя бар ормонҳои миллат дошта, барномаи сохтмони ҳаёти нав бо назардошти таҳаввули таърихӣ ва рафти кунунии замон тарҳрезӣ шуда бошад. Бунёди консепсиюни рушди миллии тоҷикон бояд бар моҳияти маънавии инсон бошад ва ба назар гирифта шавад, ки дар сарзамини мо аз замони Зардушту Авасто моддиёт тобеъи асли маънавии одамизод дониста шудааст.

Имрўз мардуми тоҷикро лозим омадааст, ки аз роҳи истиқлоли воқеъӣ ҷудоиву парокандагиро паси сар гузошта, бо ягонагиву якдилӣ ва ҳамдастии фарҳангии олӣ таърихи нави худро поя гузоранд.

пешина
аз 351
навбатӣ