Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ки аз хона баромадем, забони тоҷикӣ дигар ба кор намеомад:
забони тоҷикӣ дар муомилоти расмӣ истифода намешуд. Ақидае пайдо шуд, ки гўё омўзиши забони модарӣ ба омўзиши илми замон ва забонҳои дигар халал мерасонад. Мегуфтанд, ки чун дар кишвари шўравӣ осори илмӣ дар ҳама риштаҳо ба забони русӣ ба вуҷуд меоянд, донистани забони русӣ кифоя аст. Ва агар русиро нағз омўхтан лозим бошад, худро аз нуфузи забони модарӣ берун бояд кашид, то ки ба омўхтани забони русӣ халал нарасонад. Ин албатта фикри ботил буд. Ҷомиа ҳанўз он ҳақиқатро дарк накарда буд, ки забони модарӣ асоси донишандўзӣ ва омўзиши забонҳои хориҷист. Ин ҳақиқат ҳанўз дарк нашудааст.
Дар Тоҷикистон имрўз ҳам осори илмӣ асосан фақат дар риштаи забоншиносиву адабиётишиносӣ ба форсии тоҷикӣ таълиф меёбаду бас. Яъне забони форсии тоҷикӣ дар илм мавқеияти худро аз даст додааст.
Чун дар бештари соҳаҳои ҳаёти ҷомиа иҷрои вазифаҳои иҷтимоъии забони миллӣ ба ҳеҷ расида, табиист, ки дар рўзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизион низ забони миллӣ наметавонад пурарзиш амал намояд. Ин ҷо амали он пурнуқсон аст.
Ба ин ваҷҳ метавон гуфт, ки забони миллӣ, забони форсии тоҷикӣ, асосан дар чор девори хона, бештар дар хонаҳои пастаку камфазои деҳот маҳдуд монда буд.
Ва ҳол он ки чун забон дар чор девори хонаву мактаб маҳдуд монда, аз ҳуқуқи иҷрои вазифаҳои иҷтимоъӣ маҳрум гардад, ба дами марг мерасад. Забон аз иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои иҷтимоъии худ бозмонад, зарурати донистани он аз байн меравад.
Маҳрумӣ аз имконоти иҷрои вазифаҳои асосӣ нишонаи марги забон аст. Забони форсии тоҷикӣ ба ҳамин ҳол омада буд.
Барои ин ки забони миллӣ тараққӣ ёбад, лозим аст, ки ҳама вазифаҳои иҷтимоъиву сиёсӣ ва илмиву фарҳангии худро дар ҷомеа пурра адо намояд. Агар забони миллӣ як қисми вазифаҳои бузурги худро иҷро накунад ё ин ки хурдтарин ҷузъи иҷрои ин вазифаҳои забони миллӣ ба зиммаи забони дигаре (масалан забони русӣ) гузошта шавад, рушду такомули забони миллӣ на андак, балки хеле халал мебинад.

пешина
аз 351
навбатӣ