Хуросон аст ин ҷо

Чунонки зикраш гузашт, дар ҳудуди солҳои бисту сӣ як гурўҳ адибону донишмандон, аз ҷумла устод Лоҳутӣ пешниҳод карданд, ки забони адабии ҳозираи Эронро барои тоҷикон ҳам ба сифати забони адабӣ қабул бояд кард. Аммо устод Айнӣ ва ҳаммаслакони ў ба ин фикр зид баромаданд. Пас аз панҷоҳ-шаст сол, дар ҳудуди солҳои шасту навад ҳам боз шахсоне пайдо шуданд, ки аз форсии тоҷикӣ даст кашида, форсии Эрон ё Афғонистон ва ё омехтаи ин ҳардуро қабул кардан мехоҳанд. Дар байни забоншиносон, адибон, рўзноманигорон касоне ҳастанд, ки чун хома ба даст гирифтанд, аз форсии Афғонистону Эрон айнан нусха мебардоранд, чизе аз ин ва чизе аз он мегиранду ҳеҷ нигоҳ намекунанд, ки ин ҳарду ба ҳам созгор омад ё не.
Ин хомаронҳо фаромўш мекунанд, ки тақлид ва нусхабардории маҳз дар кўдакӣ хуш аст ва гоҳ дар аввали кор шояд ҷоиз бошад, вале умуман касеро ба сарманзили мақсуд нарасонидааст, балки ҳамаро аз халлоқияту эҷодкорӣ дур бурдааст.
Мо бояд чун кўдаки тақлидкор амал накунем ва аз форсии Эрону Афғонистон айнан нусха набардорем, форсии тоҷикии худро бо форсии Эрону Афғонистои иваз накунем, балки маҳз форсии тоҷикии Мовароуннаҳри таърихиро ривоҷ дода, барои ислоҳи камбудиҳои он ки ахиран пайдо шудаанд, аз форсии Афғонистону Эрон мадад биҷўем, нигаҳдошти асолати сухан ва матонати классикии онро биёмўзем, дуруст ва зебо сухан карданро ёд бигирем.
Чандест, ки донишмандони эронӣ дар рўзномаву маҷаллаҳои кишвари худ аз мушкилоти забони форсӣ сухан меронанд, дар бораи камбудиҳои он сўҳбатҳои доманадор меороянд. Вақте ки ин мақолаҳоро мехонем, баъзеи онҳо хеле муболиғаомез ва боварнокарданӣ менамоянд. Масалан муҳандис Маҳдии Фирўзон дар мақолае ба номи «Офати забони форсӣ» навиштааст: «Бовар кунем, ки забони форсӣ даврони номатлуб, буҳронӣ ва хатарнокеро мегузаронад, офоти бисёре ба ҷони ин забон афтода».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо