Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муаллиф боз мегўяд: «Он чи имрўз ба унвони забони форсӣ дар рўзномаҳо ба чоп мерасад, кашкўле аз иштибоҳоти фоҳиши дастур (грамматика - М. Ш.) ва таркиботе мутаассир аз забонҳои фарангист»1. Чунонки мебинем, ҳукми муҳандис Фирўзон хеле сахт аст. Мо ҳоло ба масъалаи ин ки то чи андоза ҳақ ба ҷониби ўст, боз ҳам ба моҳияти баҳсҳои пургустариши перомуни норасоиҳои форсии имрўз дахл накарда, ҳамин қадар мегўем, ки то шамол нахезад, шохи дарахт намеҷунбад. Имрўз ягон забони дунё, аз ҷумла форсии Эрону Афғонистон аз таъсири қувваҳои харобкор эмин намондааст.
Ҳангоме ки аз форсии Афғонистону Эрон чизе омўхтанӣ мешавем, инро бояд аз ёд набарорем. Агар дар ин кор ба роҳи тақлид ва нусхабардории маҳз равем ва кўр-кўрона амал кунем, ҳама нуқсонҳои форсии имрўза ба тоҷикии мо хоҳад гузашт ва ба нуқсонҳои худи мо зам шуда, ба забони мо харобиҳои нав хоҳад овард ва кори моро душвортар хоҳад кард.
Мо бояд гавҳариёни сухан бошем ва сараро аз сақат ҷудо карда танҳо он чиро, ки тавоноӣ ва ҳусни сухани моро афзун месозад, бигирем.
Ҷои шак нест, ки форсии кишварҳои ҳамсоя, бахусус дарии Афгонистон нисбат ба тоҷикии Осиёи Миёна камтар вайрон шудааст ва шояд асолати суханро бештар ҳифз кардааст. Бинобар ин аз бародарони афғониву эронӣ шаклҳои табиъии сухан, қолабҳои аслии калимасозиву иборабандӣ ва ҷумлаороӣ метавон омўхт. Чунонки маълум аст, дар забони тоҷикии имрўз бисёр қолабҳои вайрони калима ба назар мерасад ё ки қаламкашҳое ба кадом қолаб рехтани суханро надониста, онро на ба он қолаб, ки лозим буд, балки ба қолаби дигаре мерезанд. Ин ҳам як навъи мавридношиносист. Намунаи он дар китоби камина «Ҳар сухан

1 «Кайҳони ҳавоӣ», 3 тири 1372 - 24 янв. 1992, саҳ. 19.
ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» бисёр омадааст.

пешина
аз 351
навбатӣ