Хуросон аст ин ҷо

Аксари ин қолабҳои вайрон дар форсии Эрону Афғонистон нест ва аз он ҷо қолабҳои дурусти калимасозиро ёфтан мумкин аст.
Масалан қолаби ба-ёд-овар-ӣ, аз-пав-соз-ӣ, аз-хотир-бар-ор-ӣ, бар-қарор-кун-ӣ ва монанди инҳо, яъне калимаи мураккабе, ки аз як пешоянд, як исм, як асоси феъл ва пасванди -ӣ сохта шуда бошад, имрўз дар забони тоҷикӣ беҳад интишор ёфтааст, аммо дар форсии Эрону Афғонистон қабул нагардидааст. Дар Эрону Афғонистон ҳангоми калимасозӣ пешояндро фурўгузор мекунанд ва ёд-овар-ӣ, нав-соз-ӣ мегўянд ё аз асоси феъл даст мекашанду бар-қарор-ӣ мегўянд ё на бе-кор-мон-ӣ балки бе-кор-монда-гӣ ба кор мебаранд, ки аз қолабҳои классикист ва ё аз калимасозӣ худдорӣ карда, суханро ба тарзи ибораи феълӣ адо мекунанд: ба ёд овардан, барқарор кардан, бекор мондан ва монанди инҳо.
Дар форсии имрўз низ калимае чун ба-кор-гир-ӣ мавҷуд аст, ки ба қолаби вайрони аз-нав-соз-ӣ рехтаанд ё ба ҷои назардошт гоҳ дарназардошт мегўянд, ки пешоянди он - дар ба қолаби аслӣ намеғунҷад ва ё зиёдатист. Аммо калимаҳое, мисли бакоргирӣ ё дарназардошт дар Эрону Афғонистон аз қоидаи асосӣ истисно буда, ба нудрат дучор меояд. Дар забони тоҷикии қарни бист ҳамин истисно ҷои қоидаи асосиро гирифт ё баробари он аҳамият пайдо карда беҳад густариш ёфт. Ба фикри мо ин тарз қоидаи аслиро бо истиснои он иваз кардан ё дар баробари қоидаи асосӣ истиснои онро ривоҷ додан кори дуруст нест, зеро ин ҷо зарурати махсус ба дид намеояд.
Барои ин ки чунин масъалаҳо ва баҳсҳо муваффақиятомез ҳал шавад, форсии Эрону Афғонистонро омўхта қолабҳои калимасозӣ, иборарезӣ ва ҷумлабандии онро бо қолабҳои маъмули форсии тоҷикӣ ва забони классикии асрҳои гузашта муқоиса карда, як хулосаи умумӣ баррвардан лозим аст. Хомазанҳои мо, ки бидуни
чунин тафтишу таҳқиқ, масалан, дарназардошт-ро ба ҷон пазируфтаанд, ба назари камина чандон кори дуруст накардаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо