Хуросон аст ин ҷо

Мутаассифона барномаҳои давлат ва созмонҳои иҷтимоъиву сиёсӣ ягонагии омилҳои асосии рушди ҷомеа - омили маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро ба назар нагирифтаанд, зарурати амали ҳамзамони ин омилҳо ва бартарии ҷанбаи маънавиро ҳанўз эътироф накардаанд, аз манфиатҳои миллат, аз таъйини ҳадафҳои миллӣ ва идеалҳои маънавӣ, аз тарҳрезии консипсиюни рушди миллии тоҷикон ҳанўз дуранд. Онҳо фақат аз паи вазифаҳои фаврии рўз ҳастанду бас, аз маҳдудияти эҳтиёҷоти яклаҳзаина сар берун накардаанд. Аз созмони иҷтимоъиву сиёсие, ки дар ғами як даҳан нони мардум асту бас, чизе умед натавон кард, ҳатто ҳамон як луқма нон ҳам чашм набояд дошт.
Агар халқи тоҷик ҳоло ба чунин давраи таърих расидааст, ки як барномаи куллии эҳёи миллӣ лозим дорад, мо бар инем, ки яке аз нахустин бахшҳои ин барнома бояд махсуси забони миллӣ бошад, устувор кардани решаҳои забони форсии дарӣ, комилҳуқуқии иҷтимоъии он дар ҷомеа, рушди ҳамаҷонибаи онро таъмин намояд.
Нахуст лозим аст, ки ба саводи ҳақиқӣ бирасем, бамаданият ва бафарҳанг бошем. Он гоҳ умед пайдо мешавад, ки ба ҳадафҳои миллӣ роҳ ёбем.
Эҳёи миллӣ аз маънавият оғоз меёбад, оғози маънавияти олӣ аз савод, аз забон аст. Ҳастии миллат бидуни забони миллӣ тасаввурношуданист. Пас ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳастии миллат дар давраи нави таърихӣ бояд аз забон сар шавад.
Такрор ба такрор бояд ёдрас оварем: ҳаргиз тасодуф нест, ки дар даҳаи бистуму сиюм, дар даврони ташаккули миллати тоҷик ва нав шудани худшиносии миллии он масъалаи забон масъалаи асосӣ шуда буд. Ин ҳам тасодуф нест, ки дар арафаи даврони истиқлоли миллӣ, ҳамин ки нахустин нишонаҳои наздик расидани истиқлол намудор омад, яъне дар охири даҳаи ҳаштодум дар ҷомеаи тоҷикон боз масъалаи забон масъалаи асосӣ шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо