Хуросон аст ин ҷо

Инҳо тасодуф нест ва аз ин сабаб рўй дод, ки масъалаи забон дар ҳастии миллат масъалаи шумораи як аст. Аввало аз паи ҳалли масъалаи шумораи як бояд шуд.
Забон шаҳсутуни бинои ҳастии миллат аст ва нахуст барои устуворӣ ва бегазандии он бояд кўшид.
Устувор кардани решаҳои забони миллӣ, - таъмини комилҳуқуқии он дар ҷомеа, тараққии ҳамаҷонибаи имконоти зотии он аз нахустин вазифаҳои давлат, балки вазифаи шумораи як аст. Ин вазифа дар пеши ҳар як фарди миллат, ҳар як созмони фарҳангӣ ва иҷтимоъиву сиёсӣ низ истодааст, вале пеш аз ҳама вазифаи давлат ва мақомоти давлатист. Пештар аз ҳама инҳо дар ҳаққи забон ва нашъу намои он бояд ғамхорӣ кунанд, аз ҷумла барои ин ки саводи аҳли ҷомеа, фарҳангу маънавияти мардум ба пояи зарурӣ расад, замина фароҳам оваранд. Дар шароити имрўз, дар шароите, ки савияи саводи ҷомеа, фарҳангу маънавият, ахлоқу одоб ва одамият рўз то рўз пасттар меравад, он давлат давлати демократӣ хоҳад буд, ки дар ҳаққи забони халқ ғамхорӣ кардан, барои рушди маънавият заминаи зарурӣ ба вуҷуд оварданро вазифаи якумдараҷа медонад. Вагарна давлат аз мояи демократӣ ва халқиву миллӣ маҳрум хоҳад буд.
Чунонки солҳои 1988-1989 мардуми мо масъалаи озуқаву манзил ва масъалаи забонро бо назардошти баробарии аҳамияти онҳо ҳал кард, ин дуро баробараҳамият донист, ҳатто ҳаққан масъалаи маънавиро ба масъалаи моддиву иқтисодӣ бартарӣ дод, имрўз ҳам нақшаву барномаҳои мо бо риояи таносуби воқеъии масъалаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ бояд сохта шаванд.
Масъалаи маънавиятро ба фардо гузорем, ду рўз аз фикри маънавият дур шавем, ба ҳама корҳо чунон бефарҳангӣ роҳ меёбад, ки барои ислоҳи он қувваи зиёде сарф кардан лозим меояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо