Хуросон аст ин ҷо

Ҳамон рўзи 20 июли 1994, ки порлумони Тоҷикистон аз номи забони мо аз таъбири «забони тоҷикӣ (форсӣ)» калимаи «форси»-ро берун андохт, нисбат ба забони модарӣ боз як тасмими нораво гирифт: ҳангоми баррасии матни лоиҳаи Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳотеро чун додгоҳ додгустар, додситоп, раиси ҷумҳур рад карда, ба ҷои онҳо вожаҳоеро аз қабили суд, судя, адвокат, прокурор қабул намуданд. Он аъзоҳои порлумон, ки намояндаи халқ ном дошта, вале аз андешаи миллӣ орию барӣ буданд, ҳеҷ мулоҳиза накарданд, ки агар аз номи забони миллӣ калимаи «форсӣ»-ро кўр кунем, агар аз дод, додхоҳ додгоҳ додгустар ва ғайра, аз чунин калимаҳои асили тоҷикӣ даст кашем, қисман аз асли худ даст хоҳем кашид.
Наметавонам аз чунин эзоҳе худдорӣ кунам: калимаи дод ба маънои қонун ва адолат дар Авасто ба кор рафтааст, яъне се ҳазор сол аст, ки дар забони мо вуҷуд дорад. Онҳое, ки дар айёми мо, дар даврони истиқлоли миллӣ онро аз Қонуни асосӣ, аз миёни истилоҳоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоъиву сиёсии он берун андохтанд, хилофи таърихи се ҳазор сол рафтанд.
Он «вакилони халқ», ки мегуфтанд: «Я горжусь, что я – таджик», аз бозе ки «Қонуни забон» қабул шуд, яъне аз соли 1989 то 1994 як бор дар порлумон дар бораи- забони халқи худ масъалае муқокима накарданд, аз ҳоли забони миллӣ хабар нагирифтанд, аз касе напурсиданд, ки чаро дар ин панҷ сол аз 37 моддаи «Қонуни забон» ҳанўз як модда иҷро нашудааст. Албатта ба сабаби нооромиҳо ва ҷанги хонагӣ иҷрои ин вазифа номумкин омад. Вале наход ҳеҷ имкон набуд, ки лоақал ду-се моддаи Қонуни забонро ба иҷро расонем ё лоақал иҷрои онҳоро шурўъ кунем? Албатта ин кор хусусан имрўз дар замони бўҳрони умумӣ душвориҳо бисёр дорад.
Лекин шояд бо маслиҳату машварат бартараф кардани баъзеи ин душвориҳо имкон мепазируфт? Ва ҳоказо. Зарурати муҳокимаи чунин масъалаҳо дар порлумон боре ба гўшаи хотири намояндагони халқ роҳ наёфт, аммо манъи калимаҳои тоҷикӣ аз ёд набаромад!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо