Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Миллати тоҷик ба захираҳои нопайдоканори забон, адабиёту ҳунар ва таърихи худ бояд даст биёбад, то ки аз дидгоҳи хештаншиносӣ дар миёни миллатҳои гуногуни гирду атроф, дар хонадони бузурги халқҳо ҷойгоҳе басазо дошта бошад.
Бузургтарин падидҳои даҳои миллат - аз Зардушту Авесто то Исмоъили Сомонӣ, аз Рўдакиву Фирдавсӣ ва Ибни Сино то Саъдиву Ҳофиз, Аҳмади Дониш ва Садриддини Айнӣ роҳро равшан медоранд, ба мо роҳи сафед мехоҳанд.

ҲУВИЯТИ ФАРҲАНГӢ ВА ҶАҲОНГАРОӢ

«Ҷаҳонгароӣ» дар ин навиштаи мо муродифи «ҷаҳонӣ шудан» -глобализм аст. Глобализм ва глобализатсия (глобализейшн)-ро ба форсӣ ҷаҳонӣ шудан ва ҷахонисозӣ гуфтаанд. Дар Тоҷикистон онҳоро ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳоникунонӣ меноманд. Бисёре аз аҳли кор чи аз муодили форсӣ ва чи аз муодили тоҷикии истилоҳоти глобализм ва глобализейшн розӣ нестанд. Ба пиндори банда, дар ҳақиқат истилоҳоти ёдшуда ғайр аз вожаи «ҷаҳонисозӣ», агарчи маъноро то андозае дуруст ифода мекунанд, шакли истилоҳӣ надоранд ва шоистаи он нестанд, ки онҳоро истилоҳ қарор бидиҳем.
Ду рўзи 26-27 моҳи апрели соли 2006 дар Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон як конфаронси байналмилалӣ ба мавзўъи «Ҷаҳонишудан ва мушкилоти ҳифзи фарҳанги миллӣ» баргузор шуд (ҳатто «ҷаҳонӣ шудан»-ро якҷоя навиштаанд)1. Дар поёни ин конфаронс бо ташаббуси ҷаноби оқои муҳандис Алии Кофӣ, ки намояндагӣ аз Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва Маркази нашри донишгоҳӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон) дошт, масъалаи баробари форсии «глобализм» ва «глобализейшн» ба тафсил баррасӣ шуд. Оқибат ба ин қарор омаданд, ки ба форсӣ (ва тоҷикӣ) глобализм ҷаҳонгароӣ ва глобализейшн ҷаҳонисозӣ гуфта шавад.
Банда, ки он ҷо ҳозир будам, низ бисёр кўшидам, ки ба забони форсӣ ва тоҷикӣ ҳамин ду истилоҳ, ки тавон гуфт, матлабро дуруст ифода мекунад ва шаклан шоистаи истилоҳ шудан аст, қабул шавад.

пешина
аз 351
навбатӣ