Хуросон аст ин ҷо

Мо намедонем, ки устодони Фарҳангистони забону адаби форсӣ истилоҳоти «ҷаҳонгароӣ» ва «ҷаҳонисозӣ»-ро ба тасвиб хоҳанд расонд ё не, ба ҳар ҳол баски ҳоло аз ин беҳтар чизе дар даст надорем, ҳамин истилоҳоти «ҷаҳонгароӣ» ва «ҷаҳонисозӣ»-ро ба кор гирифтем.
1
Мехоҳам масъалаи ҷаҳонгароӣ ва ҷаҳонисозӣ дар ҷомиаи тоҷикони Варорўдро аз ёдоварии он нуқтаҳо, ки дар китоби банда «Хуросон аст ин ҷо» баррасӣ шуда буд, оғоз намоям.
Агар он фикру андешаҳоро, ки дар шинохти ҳувияти фарҳангӣ пуртаъсир будаанд, дар асоси як андешаи умумӣ як ҷо овардан хоҳем, аз мафҳумҳое чун «забон» ва «адабиёт», «саргаҳи ориёӣ» ва «тамаддуни исломӣ», «давлати Сомониён», «бошишгоҳи таърихӣ ва фазои фарҳангии миллат», «фарҳанги шаҳрӣ» ва «тафаккури китобӣ» бояд сухан оғоз кунем. Ҳамин мафҳумҳо маънои ҳастии таърихии тоҷиконро баён мекунанд. Лозим аст бикўшем, ки тасаввуроти куҳанро бо истилоҳоти навин зинда бисозем ва гўшрас биёварем, ки Хуросони бузург, аз ҷумла Фарорўд дар тамоми Эронзамин ба унвони як воҳиди ҷуғрофиёии таърихӣ бартарии вежаи фарҳангӣ дошт. Хуросон аз аҳди бостон дар ҷаҳони форсигўён конуни эроният ва зодгоҳи фарҳанги эронӣ ба шумор рафтааст ва шираи маънавии фарҳанги эронӣ аз Хуросон будааст.
Таърих аз «даврони меҳвар», аз бедории рўҳ оғоз ёфтааст ва Хуросон меҳани аслии маънавияти ориёиёни эронӣ будааст. Чеҳраи кунунии Хуросон ба унвони як ягонагии забонӣ ва фарҳангӣ дар аҳди Сомониён, дар замоне ки адабиёти бузурге ба форсии дарӣ қомат рост кард, шакл гирифта буд. Агарчи пас аз сарнагун шудани давлати Сомониён Хуросон аз ҷиҳати сиёсӣ байни давлатҳои
гуногун тақсим буд, хувияти фарҳангии худро то ҳол нигоҳ доштааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо