Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тоҷикистони имрўз ва фарҳанги он бахше аз ҳамин ягонагии хуросонист.
Давлати оли Сомон «гузаштаи фарҳангии» мост, аммо намунае барои таъйини ҳудуди давлати кунунӣ ё шеваи давлатдорӣ нест. Барои муайян кардани моҳияти давлати миллии имрўзӣ ва дарунмояи маънавии он аз давлати Сомониён намуна метавон гирифт. Меҳани таърихии тоҷикон ба гуфти академик Нўъмон Неъматов «Тоҷикистони таърихӣ» хеле бузург буд, аммо имрўза давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар як гўшаи дурафтодаи ватани таърихии худ моҳияти маънавӣ ва миллии давлати бузурги Сомониро умри дубора мебахшад.
Шинохти ягонагии хуросонӣ, шинохти асли эронии худ барои тоҷикҳо аҳамияти вежа пайдо кардааст. Устод Айнӣ бо назарияи таърихи фарҳанги тоҷикон ва академик Бобоҷон Ғафуров бо назарияи таърихи иҷтимоъии ин миллат, муҳаққиқҳои дигар низ бо корбурди усул (принсип)и фарҳангӣ ва суханшинохтӣ (филологӣ)и пажўҳиш ва шеваҳои дигар ҳувияти забонӣ ва таърихии мардуми тоҷикро бо суннатҳои умумии эронӣ пайвастанд, риштаҳои пайванди эрониёни шарқӣ ва эрониёни ғарбиро пурзўртар карданд.
Номвожаи «тоҷик» ҳаммаънои вожаи «хуросонӣ» мебошад ва ҳар ду ҳам ба мафҳуми эроният гунҷоиш дорад. Дар садаи бист бисёр кўшиш ба кор рафт, ки «тоҷикият»-ро аз «эроният» ҷудо бикунанд ва ҷудо бидоранд, забони тоҷикиро зидди форсии Эрону Афғонистон бигузоранд. Имрўз мо оқибатҳои ин ҷудоиандозиро паси сар мекунем. Эронпайвандӣ - пайвастан ба ҷаҳони эронӣ аз муҳимтарин омилҳое хоҳад буд, ки бақои умри тоҷикони Фарорўдро таъмин хоҳанд кард, вале мо, тоҷикон дар ин ҳампайвандӣ бояд чеҳраи хоси худро нигоҳ бидорем. Фаромўш накунем, ки форсии хуросонӣ, тоҷикии фарорўдӣ натанҳо забони тавоно ва зебои аҳли Бухорову Балх, балки забони Самарқанду 283

пешина
аз 351
навбатӣ