Хуросон аст ин ҷо

Қисме аз мадраку матлабҳое, ки дар ин китоб омадааст, дар навиштаҳои пештараи муаллиф каму беш дахл шуда буд. Дил мехоҳад, ки онҳо барои баррасии масьалаҳои муҳимме боз ба кор гирифта шаванд. Муаллиф ақида дорад, ки ин ҳама мадорик, ин ҳама масъалаҳое, ки шояд чигунагии сарнавишти таърихии тоҷиконро андаке падид оварад, зарур аст, то хадди имкон дар доираи васеъе ба диққати хонандагон расонида шаванд.
Ин зарурат аз он ҷо сар задааст, ки чун дар оғози даврони истиқлол консипсиюни инкишофи миллии тоҷикон бояд матраҳ шавад ва ин консипсиюн поя бар назарияи илмии ҳастии таърихии мардуми тоҷик дошта бошад, бояд бидонем, ки дар ҷодаи таърих бидуни идеяи миллӣ, бидуни як андешаи ҷомеъи самтнамо наметавон қадам зад. Миллат танҳо бо вазифаҳои имрўз, фақат бо эҳтиёҷоти яклаҳзагӣ бояд маҳдуд нашавад ва дурнамо дошта бошад. Рў ба сўи эҳёи миллӣ бояд рафт. Мардуми тоҷик бояд марому маслаки миллии худро муайян кунанд, чунин консипсиюни маънавии мавҷудияти худро ба вуҷуд бисваранд, ки барои устувор шудани бунёди маънавии фарҳанги онҳо, барои интихоби тарзу тариқи зиндагии минбаъда ва робитаҷўйӣ бо фарҳанги пешрафтаи кишварҳои Шарқу Ғарб, барои созмон додани шаклҳои фарҳангии хоси худ имкон фароҳам ояд. Ин ҳама албатта аз он оғоз меёбад, ки миллат чеҳраи хоссаи худро бишиносад ва бидонад, ки рўҳи хоси ў, тарзи тафаккур, тариқи зиндагӣ, донишу таҷрибаи иҷтимоъии ў чи гуна будааст ва минбаъд чи гуна бояд бишавад, ҳаёти интеллектуалӣ, эстстикӣ ва маънавии хоси худро чи тавр бояд созмон бидиҳад, то ки барои ҳама аҳли башар низ ҷолиб ва судманд бошад.
Мо тасмим гирифтем, ки аввалан ду ҷиҳати масъалаи худшиносӣ - масъалаи маънавият ва забонро аз назар гузаронем, ки ба ақидаи мо дар мавриди мардуми тоҷик умдатарин унсури ҳастии миллист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё