Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Умед аст, ки бо ёрмандии мутахассисон норасоиҳои ин навиштаи мо ислоҳ ва дигар ҷанбаҳои масъала ба маърази баррасӣ кашида хоҳад шуд.
Агар ин китоб барои такмили тасаввуроти миллат дар бораи худ ва вазифаҳои таърихии рўз заррае кўмак намояд, муаллиф худро ба ғоят хушбахт хоҳад донист.
Имрўз зиёда зарур аст, ки ҳар кас мадорике дар даст дорад, дар бораи ин, ки вазъи кунунии миллати тоҷик чи гуна аст, андешаҳои худро баён кунад, фикри худро дар бораи ин ки дирўзи ин мардум чи гуна буд ва фардои вай чи гуна бояд бишавад, бигўяд, дар бобати идеалҳои маънавӣ ва ҳадафҳои миллии ин мардум изҳори ақида намояд. Имрўз рўзест ки сарнавишти миллат ҳеҷ яке аз афроди онро наметавонад бетараф бигузорад. Ҳар касе бояд коре бикунад, андешае биронад.
Ояндаи миллат вобаста ба ҳамин андешаву амали ҳамагонӣ хоҳад буд.
Ба ҳукми ин зарурат камина боз чанд коғаз сиёҳ кардам.
Шояд боиси он шавад, ки дигарон ҳам андешае ба миён гузоранд ва аз ҳамдастиву ҳамфикрӣ, аз роҳи баҳсу мунозира ҳақиқат падид ояд. Асли мақсад бо дастаҷамъӣ пайдо кардани ҳақиқат аст.

пешина
аз 351
навбатӣ