Хуросон аст ин ҷо

Донишу иттилооти ихтисосии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва ғайра ҳатто дар рўзномаҳои тоҷикӣ ба забони русӣ чоп мешаванд.
Як нишонаи бегонапарварӣ, ки ба худкушӣ меоварад, он чанд радиои пурзўр аст, ки дар фазои шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳрхои дигар шабу рўз бештар барномаи русӣ, ва фарҳанги бегонаро пахш мекунад. Радиои Азия, Азия-плюс, Ватан, Ориёно ва монанди инҳо (ҳамагӣ шаш-ҳафт радио) забон ва фарҳанги моро аз эфир (асир) берун кардан мехоҳад.
Аҷобатро бинед, ки эҳтимол аст баъзе созмонҳои амрикоӣ баъзе радио ва матбуоти русиро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд. Чаро ин тавр аст? Чунки бархе аз қувваҳои сиёсӣ бисёр мехоҳанд, ки мардуми тоҷик аз ҳувияти фарҳангии худ маҳрум бишаванд ва ба фарҳанги дигаре бигараванд. Назди эшон фарқ надорад, ки мо ба кадом фарҳанг меравем ба фарҳанги русӣ ё чинӣ ё дигаре. Барои онҳо муҳим он аст, ки миллате аз фарҳанги худ рў битобад ва ба фарҳанги дигаре рў биёварад. Онро, ки аз худ бегона шудааст, ба тобеъият даровардан осонтар аст.
Дар фазои фарҳангии Тоҷикистон афзудани нуфузи забони дигаре асосан чунин мақсаде дорад, ки дар замини дили мо тухми худбегонагӣ киштан мехоҳанд.
Боз як бори дигар хотиррасон мекунем, ки фазои иттилоотӣ дар садаи XX дар сартосари ҷаҳон ба майдони муборизаи сиёсӣ табдил ёфт. Нашрияҳои иттилоотии чопӣ низ бештар талошгоҳи сиёсиянд. Агар Тоҷикистон эфирро аз даст бидиҳад ва дигар сарчашмаҳои донишу иттилоотро ба даст надошта, ба ихтиёри дигарон бигузорад, агар имкон бидиҳад, ки забони миллиро аз баъзеи ин соҳаҳо тамоман ва аз баъзеи онҳо қисман берун биронанд, бояд бидонем ва огоҳ бошем, ки манфиатҳои миллатро аз даст додаем. Дар ин сурат дар пеши миллат, дар пеши таърих масъул хоҳем буд ва лозим меояд, ки рўзе ҷавоб бигўем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо