Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар фазои фарҳангии кишвар, дар ҳама соҳаҳои он бояд рўҳияи миллӣ ва забони давлатӣ ҳукмронии пурра дошта бошад.
Омўзиши забони русӣ ва англисӣ зарур аст, вале ин омўзишро ба дараҷаи қабоҳат, ба дараҷаи худгурезӣ ва худзидоӣ набояд расонид. Ҳар кор ҳадду андоза дорад. Аз ҳадду андоза набояд гузашт.
Бубинед, бегонапарварӣ чӣ шаклҳои бемаънӣ гирифтааст.
Чанд гоҳ аст, ки бархе аз равшанфикрони тоҷик дар матбуот аз номгузории навбаромад шикоят мекунанд. Чунанчи, бисёре аз мағоза, тарабхона, ресторан, кафе, офисҳо ва ғайра номҳои аҷиби хориҷӣ доранд. Тропиканка, Диана, Клеопатра, Жасмин (яъне ёсуман), Ева (яъне Ҳавво), Эдем, Элегант, Элита ва м. и. аз ҳамин қабиланд. Шак нест, ки бартарӣ додани «Жасмин» бар «ёсуман», «Ева» бар «Ҳавво», ҳама номгузориҳои боло, номгузориҳое аз қабили меҳмонхонаи «Меркурий» (ва ҳол он ки Меркурий ба забонн мо Муштарист), тарабхонаи «Сириус» (ба ҷои «Шеъро»), кафеи «Золотой цыплёнок», ресторани «Вояж», бари «Эделъвейс», ошхонаи «Каприз», ресторани «Лесная сказка», фотосалони «Перестиж», ошхонаи миллии «Белый аист» (аҷабо, хатто барои ошхонаи миллӣ як номи тоҷикӣ ҷустанро лозим надонистаанд!) ё ки «Тоҷикпромбонк» (яъне Таджикский промышленный банк), «Тоҷикагроинвестбонк» ва ғайра ҳама беэътиноӣ ба забони давлатӣ ва Тоҷикистон, беҳурматӣ ба миллати тоҷик аст.
Баъзеҳо агар пештар муассисаи худро номи тоҷикӣ дода бошанд, акнун аз он ном шармида ва пушаймон шуда, зуд хатои худро ислоҳ карда истодаанд. Чунончи, тарабхонаи «Зарафшон» ҳоло «Гладиатор» номида шуд.
Банда шак надорам, ки ин кор як намуна аз тоҷикибезорист, безорӣ аз ҳар чизи тоҷикист.
Тоҷикибезорон корҳои дигар ҳам кардаанд. Онҳо ҳатто номи Ибни Синоро ба шакли аслии он навиштан намехоҳанд ва шакли аврупоии онро беҳтар медонанд.

пешина
аз 351
навбатӣ