Хуросон аст ин ҷо

МАЪНАВИЯТ ВА ЭҲЁИ МИЛЛӢ
Маънавияти олӣ ва забони иқтидорманд дар таърихи баъзе халқҳо ҳамеша ё дар баъзе марҳилаҳои муҳим омили сарнавиштсоз будааст.
Хусусан агар аз саргузашти таърихии мардуми тоҷик хулоса бароварем, бояд бигўем, ки асоси ҳастии миллат забон ва маънавият аст. Ҳастии миллат пеш аз ҳама дар фарҳанг ифода меёбад ва баёнгарии моҳияти фарҳанг барҷастатар аз ҳама дар забон муяссар мегардад. Фақат мавҷудияти моддӣ ва ҷисмонӣ нишонаи ҳастии инсон ва шахсе, халқеву миллате нест. Асли ҳастӣ ҳастии маънавист. Он фарҳанги маънавӣ, он арзишҳои олии инсонӣ, он фалсафаи ҳаёт ва фаҳмиши моҳияти зиндагонӣ, он орзуву омол ва идеали иҷтимоъиву зебоишинохтӣ, ки мазмуну мундариҷаи ҳастии шахсеро муайян намудааст, дар ташаккули шуур, дар маишат, урфу одат, ахлоқу одоби халқе ва миллате бартарӣ дорад, бозгўи чигунагии ҳастии ин шахс, ин халқу ин миллат аст. Ва ин ҳама нахуст дар забон ифода мешавад. Забон аст, ки ин нишонаҳои ҳастии мардумонро ба ҷилва меорад, ба худи онҳо ва дигарон намоиш медиҳад, барои устуворӣ ва ривоҷу равнақи ҳар кадоме аз он аломатҳо замина тайёр мекунад. Ҷаҳду ҷадале дар роҳи ифодаи ҳар чи мукаммалтари моҳияти падидаҳои ҳаёти маънавӣ - чи ифодаи шифоҳӣ ва чи ифодаи катбию навишта
- қувваю тавоноии забонро мунтазаман афзунӣ мебахшад. Ин афзоиши иқтидору имконоти забон, масалан баёни нозук ва
барҷастаи мафҳумҳои мураккаби фарҳангӣ, илмию фалсафӣ, адабию ҳунарӣ дар навбати худ боз барои амиқрафти маънавият роҳ ҳамвор мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё