Хуросон аст ин ҷо

Атеизми давлатии болшавикон яке аз фалокатҳои бузург буд, ки ба сари ҷомиа омад.
Дигар маҳрумиятҳои хурду калон чун аз даст додани анъанаҳои миллии санъати меъморӣ, ки дар боло ишора кардем, низ зиёд буданд.
Муносибати тоҷикони Варорўд бо фарҳанги русӣ дар садаи бистум яке аз навъҳои муносибати мутақобилаи озоди байналмилалии халқҳо ва фарҳанги онҳо набуд, ки дороиафзоии мутақобилаи фарҳангҳо натиҷаи он бошад, балки муносибати фарҳангии сиёсие буд, ки дар натиҷаи тобеъият ба як абарқудрати ҷаҳон ба миён омадааст ва дар бисёр мавридҳо ранги ситами миллӣ, ситами иҷтимоъиву маънавиро гирифтааст.
Хавфи он ки муносибатҳои фарҳангии мо бо бархе аз халқҳо чунин шаклҳо бигирад, бо сиёсат ва зўроварии сиёсӣ алоқамандӣ пайдо бикунад, имрўз ҳам аз миён нарафтааст. Эҳтимоли он ки ҳангоми ҷаҳонгароӣ ин хатар боз ба сари мо биёяд, вуҷуд дорад.
Дахолати сиёсат ба тамосҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ғайра бояд пешгирӣ шавад ва ё ночиз бошад, нақши мусбат дошта, нақши манфӣ надошта бошад.
Аз он чи дар ин фасл гуфта омад, ба андешаи мо нахуст ду хулоса бояд баровард. Якум ин ки он арзишҳои фарҳангии ҳувиятсозро, ки дар садаи бист қисмаи ё комилан аз даст додем, дар даврони истиқлол бояд бикўшем, ки боз баргардонем, дубора ба кор бигирем ва мувофиқи асри нав такмил бидиҳем, то барои пешбурди миллат дар шароити таърихии кунунӣ хидмат бикунанд, моро ба асли худ бипайванданд ва барои оянда роҳ равшан бикунанд. Чунончи, бояд хати ниёгонро ривоҷ бидиҳем, то аз дарди манқуртият, ки бисёр падидаҳои он ба мағзи устухони мо нишастааст, раҳоӣ биёбем; забони форсиии тоҷикиро аз чанголи бадханҷоли одигўӣ ва тарҷумазадагӣ бираҳонем, то нанги бесаводӣ ва камсаводӣ аз сари мо дафъ шавад; барои амиқбурди шуури динии аҳли ҷомиа бикўшем, то мардуми мо ба ном мусулмон набошанд, балки дар воқеъ, мўъмину мусулмони ҳақиқӣ буда, фармудаҳои дини мубини исломро дастурӣ амал дар рафтору гуфтори худ қарор бидиҳанд, зеро худоҷўиву худотарсӣ инсонро ба асли инсонии ў мерасонад ва ин ба суди миллат аст ва аз ин рў, давлат бояд ба баланд шудани шуури динӣ мусоидат кунад ва м.и.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо