Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дувум он ки чун бо қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонгароӣ тамоси мо бо халқҳои дигар, аз ҷумла бо халқхои бузурги ҷаҳон густариш меёбад, бояд фаромўш накунем. ки ҳар чӣ бештар аз фарҳанги он халқҳо таъсир мепазирем, ҳатто агар он таъсир ҳама мусбат ҳам бошад, эҳтимоли он ҳаст, ки аз фарҳанги миллии мо баъзе чизҳо аз байн биравад, фарҳанги мо бо таъсирпазирӣ ва вомгирӣ аз дигар фарҳангҳо бар худ ғано афзояд ҳам, бо аз даст додани бархе аз унсурҳои худии ҳувиятсоз, бо маҳрум шудан аз бархе аз анъанаҳои чандинасраи миллӣ ғаномандии он коҳиш меёбад.
Бояд бикўшем, ки чунин нашавад, фарҳанги мо бо таъсиргирӣ аз дигар фарҳангҳо бурд бикунад, бохт надошта бошад ва агар дошта бошад, бохти ночиз бошад, ки ба ҳастии маънавии миллат зиёни зиёд наёварад.
Давлат бо барномарезиҳои бузурги нозукбинона равандҳои ҷаҳонгароиро танзим мекунад, аз ҷумла робитаҳои фарҳангии байналмилалии миллатро бо назардошти суду зиёни онҳо ба низом медарорад. Нақши давлат дар танзими ҷаҳонгароӣ, аз ҷумла робитаҳои фарҳангӣ аз муҳимтарин омилҳоест, ки равандҳои асосиро ба суди миллат ва кишвар мегардонад, то он равандҳо то имкон ҳаст, камзиён бошанд.
Равандҳои ҷаҳонгароиро ба ҳоли худ гузоштан мумкин нест.
Танзими давлатии равандҳои ҷаҳонгароӣ зарур аст.

пешина
аз 351
навбатӣ