Хуросон аст ин ҷо

Дар поёни ин фасл бори дигар ба як масъалаи муҳим, ки дар навиштаҳои банда матраҳ шуда буд, андаке таваққуф мекунем.
Яке аз анъанаҳои муҳими фарҳанги бостонӣ, ки мо дар садаи бист аз он даст кашидем, ҳамбастагии савод ва маънавият аст.
Банда дар ин бора дар китоби «Инсонгароии омўзиш ва забони миллӣ» (2002) нисбатан ба тафсил сухан рондаам. Ҳоло кўтоҳак гуфтан мехоҳам, ки ҳамбастагии савод ва маънавият яке аз омилҳои умда дар омўзишу парвариши шахсияти бофарҳанг ва дорои ормонҳои волои башарӣ буд. Дар тўли асрҳо дар мактаби тоҷикӣ саводомўзӣ аз рўйи осори Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз ва Бедил сурат мегирифт. Шогирдон осори ин устодони бузурги суханро аз бар мекарданд. Ин саводомўзӣ, ин азбар кардани шеъру насри волои бузургон имкон медод, ки шогирдон ҳикмати асрҳо, ҳикмати таърихи миллатро, ки дар он назму наср гирд омадааст, аз худ бикунанд. Савод маънои густурдае пайдо карда, зубдаи таҷрибаи таърихии фарҳангиро фаро гирифта буд. Саводомўзӣ танҳо ёд гирифтани хонду навишт набуда, балки фарогирии андўхтаҳои маънавии асрҳоро низ то андозае дар бар мегирифт.
Баъзеҳо бо шакку шубҳа мегўянд, ки чаро имрўз саводомўзӣ ва забондонӣ бояд ба осори бузургони асрҳои гузашта асос биёбад?
Магар имрўз лозим аст, ки чун Рўдакӣ ё Саъдиву Ҳофиз ва ё монанди навиштаҳои Аҳмади Дониш гап задан ва навиштан ёд бигирем, монанди онҳо сухаи кунем ва нависем? На, ин гуна суол гузоштан аз сари мақсад дур рафтан аст. Аз ҳеҷ шоире талаб кардан мумкин нест, ки монанди Ҳофиз ё Бедил шеър бигўяд, Медонем, ки дар садаи нуздаҳ бисёр шоирон ба Бедил тақлид карданд, лекин бештарини тақлиди онҳо (тавон гуфт, навад фоизи он) бемуваффақият баромад. Ба равияи Рўдакӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо