Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лекин асл (принсип)-и асосии саводомўзӣ - саводомўзии вобаста ба маънавият, асли аз худ кардани забони модарӣ аз кўдакистон то охири таҳсили донишгоҳӣ бояд аз таҷрибаи ҳазорсолаи мактаби форси-тоҷикӣ гирифта шавад.
Савод ва забономўзӣ аз нахуст бар андўхтаҳои маънавии таърихи миллат, бар осори устодони бузурги сухан такя дошта бошад, то ки савод ва забондонии ҳақиқӣ бошад, андўхтаҳои маънавии таърихи миллат бо шеъри классикӣ ва матни классикона зарра-зарра ба ҳастии фарҳангии наслҳои наврас роҳ биёбад, ҳастии фарҳангии мардуми моро шакл бидиҳад, унсури асосӣ дар маънавияти онҳо бошад, он гоҳ шахсияти фарҳангӣ дар ҷомиаи тоҷикон сахт ҳамбаста ба ҳастии маънавии миллат ва таърихи он хоҳад буд. Он гоҳ ў бештар имкон хоҳад, дошт, ки ба муқобили таҳоҷуми фарҳангии абарқудратҳо, ба фишори таъсирҳои манфии ҷаҳонгароӣ муқобилат бикунад.
Муҳаққиқи тоҷик Темур Отахонов дар як мақолаи худ аз моҳияти мафҳуми ҷаҳонгароӣ ва оқибатҳои номатлуби он сухан ронда, мисли баъзе пажўҳишгарони дигар бо қатъияти тамом чунин масъала пеш гузоштааст, ки барои пешгирии пайомадҳои норавои ҷаҳонгароӣ мактабу маориф ва таҳсилот замина ҳозир мекунад. Ба ақидаи ў таҳсилот «барои ҷомиа механизми ташкилдиҳӣ, интиқоли суннатҳои миллӣ аз насл ба насл ва ҳофизи ҳувияти миллӣ мебошад».

1 Т. Отахонов. Ҷаҳоншумулӣ ва пайомадҳои он. Дар маҷм: Ҷаҳонишудан ва мушкилоти ҳифзи фарҳанги миллӣ. Маҷмўаи мақолаҳои конфронси байналмилалӣ.
Мо ҳамфикри Темур Отахонов ҳастем.

пешина
аз 351
навбатӣ