Хуросон аст ин ҷо

Шахсияти инсон дар замони мо дар асоси дастовардҳои маънавии аҳли башар, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, дар асоси андўхтаҳои маънавии наслҳои гузаштаи миллати тоҷик шакл мегарад.
Риштаи пайванди маънавии мардуми имрўз бо гузаштаи миллат аз кўдакистон то мактаби миёна ва олӣ устувор мегардад.
Таҳсилот пайвандгари маънавии наслҳои гузашта ва ояндаи миллат аст.
Рисолати пайвандгарии таърихии таҳсилот дар замони мо на танҳо бо барномаи факултетҳои улуми инсонӣ, балки бо барномаи ҳамаи донишгоҳҳо иҷро мешавад. Инсонгароии омўзиш, қувват додани асосҳои маънавию миллии он дар донишгоҳҳои ғайри гуманитарӣ ва омўзишгоҳҳои касбию техникӣ бештар аҳамият дорад. Нахустин ва муҳимтарин марҳалаҳои худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ ва худогоҳии миллии шахс дар рафти таҳсилоти миёнаву олӣ тай мешавад.
Чигунагии шаклгирии худогоҳии маънавиву миллии шахс вобаста ба он хоҳад буд, ки таҳсилот чӣ мазмун ва чӣ шаклҳо дорад. Агар худогоҳӣ муяссар бишавад, эҳтимоли худбегонагӣ, эҳтимоли пеш омадани миллатнописандӣ ва бегонапарварӣ камтар хоҳад буд. Аз ин рў, дар даврони ҷаҳонгароӣ низоми таҳсилот, ба вежа навсозии доимӣ ва имрўзӣ кардани он аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Мехоҳем дар фасли оянда дар ин бора боз андак таваққуф бикунем.
Аз давраҳои нахустини истиқлоли сиёсӣ, ки дар Тоҷикистон
соли 1991 фаро расид, зарур аст, ки мабдаъи миллӣ дар шахсияти
инсон ҷойгоҳи асосӣ дошта бошад. Бунёди шахсияти фарҳангӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо